Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молия
10-04-2015, 09:43
                                                            

   Кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи идоракунии давлатииназди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 ташкил шудааст.

         Ҳадафи кафедра: Саҳм гузоштан дар раванди рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути тайёр намудани мутахассисонибаландихтисос, ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи  рақобатпазир бо салоҳияти баланди иқтисодӣ. Ташаккули малака ва маҳорати таҳлили равандҳои иқтисодӣ, равишҳои баланд бардоштани самараноки ва татбиқи сиёсати давлатии иқтисодӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.


         Вазифа
ҳои кафедра:  

1)    Омода намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба фаъолияти касбӣ дар бахши коркард ватаҳлилу баррасии тадбирҳои танзимкунандаи таъсиррасонии давлат ба иқтисодиёт, пешгӯӣ, барномарезӣ ва банақшагирии низоми иқтисодӣ.

2)    Таъсиси системаҳои соҳавии мониторинги иқтидорҳои кадрӣ ва дурнамои эҳтиёҷот ба кадрҳо.

3)    Вусъатёбахшии тарбияи мақсадноки мутахасисон.

4)    Ташаккули малакаи таҳияи барномаҳои рушди стратегӣ дар соҳаи гуногуни иқтисодиёти миллӣ.

5)    Такмили мунтазами барномаҳои таҳсилот, маҷмӯаҳои таълимӣ- методии ҷавобгӯ баталаботи шароити муосир, татбиқи технологияи муосири таълим ва усулҳоииноватсионии омӯзиш.

6)    Пурра қаноатманд намудани талаботи донишҷӯёнҷиҳати фарогирии донишҳои муосири иқтисодӣ. Густариши фаъолияти илмию таҳқиқотии ҳайати устодони кафедра.

Фаъолияти илмию таҳқиқотии кафедра   ба ҳалли масоили арзёбӣ, таҳлил ва таҳияи омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, вазъи мусоиди сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон, рушди иқтисодию иҷтимоии воҳидҳои ҳудудию маъмурӣ ва  самаранокии фаъолиятихизматчиёни давлатӣ равона карда шудааст.

 


         Барнома ва фан
ҳои таълимии кафедра:
- Асос
ҳои иқтисодию  молиявии хизмати давлатӣ;
- Идоракунии давлатии и
қтисоди миллӣ;
- Мене
ҷменти молиявӣ;
- Мене
ҷменти иқтисодӣ
- Сиёсат ва фаъолияти  сармоягузор
ӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сиёсати и
қтисодию молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи он;
- Микро ва макрои
қтисодиёт;
- Минта
қаҳои озоди иқтисодӣ;
- И
қтисоди миллӣ;
- Амнияти и
қтисодӣ;
- Молия ва
қарз;
- Му
ҳоҷират ба бозори меҳнат;
- Асос
ҳои маркетинг;
- Андоз ва андозбанди
;
- Баҳисобгирии муҳосиби ва таҳлил
;
- Танзими давлатии иқтисод

- Назарияи иқтисодӣ.

- Омор

- Суғуртакунонӣ

- Фаъолияти соҳибкорӣ

- Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқӣ

- Назорати молиявӣ

- Асосҳои аудит.

- Маркетинг.

- Эконометрика.



Ба боло
  • Саҳифаи мо дар: