Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Мухторов Зайнидин Мухторович – директори Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

тел: (+992 32) 2289151.

E-mail: pazhuhishgoh.did@mail.ru

Унвони илмӣ: доктори илмҳои филология

Собиқаи корӣ: 23 сол

 

Самти фаъолияти илмӣ: дискурси сиёсӣ, риторика, кори иҷтимоӣ, заминаҳои ҳуқуқии кори иҷтимоӣ, хизмати давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ. Ҳамзамон раиси Кумитаи Авроосиёии Ассотсиатсияи байналмилалии Маърифат (ILA).

 

Пажўҳишгоҳи  идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар  сохтори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, моҳи январи  соли 2009 расман ба фаъолият оғоз кардааст.

Дар асоси тағйир  ёфтани мақоми  Донишкада ва таҷдиди сохтори он аз моҳи августи соли 2013 Марказ ба Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва таҳлилию иттилоотиро амалӣ  менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти Пажўҳишгоҳ:

  • Амалисозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • Таҳияи тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Омўзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзўъҳои вобаста ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ дар доираи фаъолияти Пажӯҳишгоҳ.
  • Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Ташкил ва мусоидат барои иштироки муҳаққиқони соҳа дар конференсия, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ-методӣ.
  • Таъмини илмӣ ва илмӣ-методии раванди таълим дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории муҳими Донишкада дар кори гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти факултетҳо, магистратура, курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ нақши фаъол дорад.

 

Вазифаҳои Пажўҳишгоҳ

Барои расидан ба ҳадафҳои худ Пажўҳишгоҳ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • иштирок дар кори банақшагирии тадқиқоти бунёдии масъалаҳои назариявӣ ва амалии идоракунии давлатӣ ва соҳаи хизмати давлатӣ;
  • гузаронидани назарсанҷиҳо дар байни шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси  хизматчиёни давлатӣ;
  • иштирок дар таҳияи созишномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои илмӣ дар идоракунии давлатӣ ва  соҳаи  хизмати  давлатӣ;
  • таҳияи маълумотномаҳо ва муншаоти таҳлилӣ доир ба масъалаҳои гуногунии доракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ бо супориши мақомот.

 

Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад – сарходими илмии  Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва  хизмати давлатии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи мухтасари ҳол  

Ализода  Баҳриддини  Пирмуҳаммад (Алиев Баҳриддин Пирович)  1-ӯми  январи  соли  1963  дар  деҳаи  Пулларовути   ноҳияи  Айнии  вилояти  . Суғди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  дунё  омадааст.

Моҳи  сентябри  соли  1973  таҳсилро дар   мактаби  миёнаи  №5  ноҳияи  Зафаробод  оғоз карда,  онро  соли  1983  бо  «Таърифнома»  хатм  кардааст.

Моҳи  сентябри   соли  1983 ӯ ба  факултети   таърихи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил  шуда,  солҳои  1984-1986  дар  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳи   Шуравӣ   хизматро   дар  Германия   ба  охир   расонид   ва  моҳи   июли   соли   1986  таҳсилро   дар факултети мазкури  ДДТ   идома   додааст.

Соли   1988   пас  аз  хатми   курси   3  ба факултети шарқшиносии  Донишгоҳи   давлатии  Ленинград  фиристода  шуд ва онро бо ихтисоси таърихшинос-шарқшинос  соли  1991   бо  дипломи  аъло   хатм  кард. Аз    моҳи   июли   соли  1991  фаъолияти   кориашро   дар  Институти   забон  ва  адабиёти  ба  номи  Рӯдакии  АИ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз   кард ва  аз  моҳи   ноябри   соли  1992   то  ноябри   соли  1995 дар шӯъбаи   рӯзонаи   аспирантураи   назди  АИ Ҷумҳурии  Тоҷикистон   таҳсил  карда,  дар    айни   замон   ба   таҳқиқоти   илмӣ   машғул   гардида,  соли   1998  рисолаи   номзадиро дар мавзӯи «Лексикаи этнографии забони яғнобӣ»  ҳимоя   карда, унвони илмии  номзади илмҳои филологӣ гардид. Соли  2010  бо қарори  Кумитаи олии аттестатсионии Федератсияи Россия  ба ӯ унвони илмии дотсенти кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ  дода шудааст. Айни ҳол дар мавзӯи «Ташакул ва рушди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ менависад.

Аз   моҳи   январи   соли  1992  ба  кафедраи  фанҳои   ҷамъиятӣ -и Академияи  ВКД-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба  кор  гузашта, то соли 2008 ба сифати саромӯзгор, дотсент, и.в. сардори кафедра, профессор кор карда, то соли 2015  ҳамкориро идома додааст. Ҳамчунин аз  соли  1998  бо  радио ва телевизиони  Тоҷикистон   ҳамкорӣ  намуда, дар барномаи «Тоҷикон дар масири таърих» муддати 10 сол дар тарғибу ташвиқи таърихи миллат саҳм  гузоштааст.

Забонҳои   тоҷикӣ,  русӣ,  форсӣ-дарӣ,  ӯзбекӣ   ва  яғнобиро  озод  медонад ва аз забонҳои англисӣ, арабӣ, пашту ва  туркӣ огоҳӣ дорад.

Ализода  Б. П. аз соли 2004 ба  Донишкадаи   такмили   ихтисоси   хизматчиёни   давлатии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ба кор гузашта, то имрӯз ба ҳайси дотсети кафедра, мудири кафедраи гуманитарӣ, декани факултет, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ кор кардааст.  Аз феврали соли 2016 сарходими илмии  Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоз. С.Петербург)-ро соли 1991 бо ихтисоси шарқшинос-таърихшинос ва бо  дипломи аъло хатм кардааст.

Номзади илмҳои филология, дотсент, Собиқаи умумии корӣ  39 сол ва собиқаи омӯзгорӣ 27 солро ташкил медиҳад.

Самти фаъолияти илмӣ:  таърихи ташаккул ва рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, одоби касбӣ ва фарҳанги хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ.

(+992 37)  228 91 51 корӣ, 918 18 97 26 моб. E-mail    b.p.alizoda63@mail.ru

Номи китобу дастурҳои нашргардида:

–  Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Душанбе: «Офсет», 2012. 168с. (бо ҳаммуаллифии Қосимов Г.Ҷ., Нуриддинов Ҳ., Искандаров Қ.).

– Фарҳанги истилоҳоти хизмати давлатӣ.  Душанбе: «Офсет»,  2015. 254с. (бо ҳаммуаллифии Нуриддинов Ҳ., Искандаров Қ. ва дигарон).

–  Намунаҳои тестӣ аз таърих, география ва ҳуқуқ  Душанбе: «Сино» 1995-56с.(бо  ҳаммуалифии М.Исоматов)

– Одоби касбӣ ва муоширати хизматчии давлатӣ.  Душанбе, 2005-61с. (бо ҳаммуаллифии    Ҳ.Нуриддинов)

– Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷикистон. Душанбе, 2010. 227с (бо ҳаммуаллифии  Абдухолиқов  А.М.,   Искандаров  Қ., Ниёзов А.С., Нуриддинов Ҳ.).

– Масъалаҳои маърифати экологӣ ва омӯзиши  экологӣ  дар  доираи  Конвенсияҳои    Рио. (Дастур  барои  хизматчиёни  давлатӣ).  Душанбе, 2010. 173 с. (бо  ҳаммуаллифии    Қодиров С).

– Намунаҳои тестӣ аз таърих ва география.  Душанбе «Сино» 1996-48с. (бо ҳаммуаллифии  М.Исоматов)

– Саволномаҳо ва намунаҳои тестӣ аз таърих ва география Душанбе «Сино» 1997-54с. (бо   ҳаммуаллифии М.Исоматов)

– 400 саволу ҷавоб аз таърихи халқи тоҷик ва ҷаҳон Душанбе «Сино» 1999-67с. (бо  ҳаммуаллифии М.Исоматов)

– Маводи таълимӣ аз таърихи  халқи тоҷик ва ҷаҳон Душанбе «Маориф» 2000-120с. (бо   ҳаммуаллифии М.Исоматов)

– Маълумотномаи корманди милитсия  Академияи ВКД-и ҶТ.  Душанбе, 2001-50с. (бо   ҳаммуаллифии А.Розиқзода ва К.Солиев).

 

    Номгӯй мақолаҳои илмӣ ва осори таълимию методӣ

– Согд (из истории изучения и источники) //Труды Высшей школы МВД РТ вып. 1. Душанбе, 1998. С.61-69.

– Яғноб ва яғнобшиносӣ аз назари академик Бобоҷон Ғафуров // Академик Б Ғафуров муҳаққиқи таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ,  Душанбе, «Ирфон», 1998. С.86-93.

– Мақоми Сомониён дар таърих ва тамаддуни тоҷикон // Саҳми олимони ҷавон дар инкишофи илм. Кисми 1.  Душанбе, 1999. С.84-86.

– Самарқанд -пойтахти нахустини Сомониён // Саҳми олимони ҷавон дар инкишофи илм. Кисми 1. Душанбе, 1999. С.105– 108.

– Некоторые вопросы истории Древней Согдианы  // Ҷавонон ва ҷаҳони дониш (маводи конференсияи дуюми илмии олимони ҷавони Тоҷикистон, 18-19 майи с. 2000), Душанбе 2000–С.236- 240.

– Авасто: назаре ба офариниш ва таърихи омӯзиш // Труды Академии. Выпуск 4. Душанбе 2001. С.65–71.

– Согдийцы и цивилизация Центральной Азии // Вклад таджиков  и персоязычных народов в мировую цивилизацию: история и современность. Душанбе, 2002. С.58-62.

– Суғдиён ва «Шоҳроҳи бузурги абрешим» // Ҷавонон ва ҷаҳони дониш. Хуҷанд 2002-280с.С.277-280.

– Эҳёи фарҳанги миллӣ дар замони истиқлол // Труды  Академии. Выпуск 5. Душанбе, 2002. – С.182-189.

– Масъалаҳои иқтисодӣ аз нигоҳи ислом  ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ. // Труды  Академии. Выпуск 6. Душанбе  2003. С.124-130.

– Аз таърихи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ // Китоби рӯймизии хизматчии давлатӣ Душанбе 2004. С.122-127с.

– Проблема насилия в отношении детей в семье и школе // Проблемы трудовой миграции и пути их решения. Душанбе,  2006-138с.

– Барномаи таълимӣ аз фанни Фарҳангшиносӣ.  Душанбе, 2005-31с.

– Аз таърихи  шаҳри Душанбе// Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ  №1,  2005. С.112-116с. (бо ҳаммуаллифии А.Ш.Розиқзода)

–  Ҷанбаҳои этикии  идоракунии  давлатӣ // Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ Душанбе №3, 2006С. 95-106. (бо ҳаммуаллифии Ҳ.Нуриддинов)

– Фарҳанг ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ ва нақши он дар ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ // Материалы республиканской научно-практической конференции // Трудовые отношения и социальная защита населения (25-26 ноября 2005г.) Душанбе 2006. С.81-84.

– Истиқлол ва фарҳанги миллӣ // Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ Душанбе №1, 2007. С.98-103.

– Перспективы развития информационных технологий и информатизации госслужбы  // Вестник  Академии управления при Президенте Кыргызской республики №7, 2008. С.84-91(бо ҳаммуаллифии М.Т. Абдиева)

– Сарварии сиёсӣ // Паёми ДТИХД ҶТ. Душанбе №1, 2009. С. 29-36.             -Интихобот ва технологияҳои муосири маъракаи интихоботӣ//Паёми ДТИХДҶТ. Душанбе №3, 2009. С.21-33.

– Таълимоти  Имоми Аъзам дар бораи  давлат ва давлатдорӣ // Осори   Академия (маҷаллаи илмӣ) №1(13) Душанбе  2010. С.25-32с. (бо ҳаммуаллифии  Қ.Искандаров)

–  Дипломатия ва этикети дипломатӣ // Паёми ДТИХД №1, 2010. С.27-36.

–  Барномаи таълимии таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2012-52с.

– Ташаккул ва рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон // Осори  Академия (маҷаллаи илмӣ) №2(14) Душанбе  2010. С.151-160с. (бо ҳаммуаллифии Р.З. Ҷӯраев)

–  Парчами миллӣ-рамзи давлату давлатдорӣ // Паёми ДТИХД №1,  2011.    С.2-9. (бо ҳаммуаллифии Р.З. Ҷӯраев)

–  Сиёсати иҷтимоӣ дар давлати  иҷтимоӣ // Усулҳои кори иҷтимоӣ дар хона, Душанбе, 2011.-212с. С.47-53.

– Барномаи таълимӣ аз фанни фарҳангшиносӣ Душанбе,  2011.-28с.

– Государственная политика Республики Таджикистан по формированию национального  единства в стране: достижения и перспективы // Вестник Академии управления при Президенте Кыргызской Республики №14. Бишкек, 2011. С.49-53.

-Рушду такомули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар  Тоҷикистони соҳибистиқлол. // Идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон: назария, амалия ва инноватсия  (Маводҳои конференсияи III Душанбегии байналмилалии илмию амалӣ,  Душанбе, 10-11  ноябри  соли  2011) . Душанбе, «Ирфон», 2012.-225с. С.56-60.

– Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳити зист. // Паёми ДТИХД №1. 2013

– Наврӯз ҷашни бостонӣ ва муосир // Паёми ДТИХД №3. 2013.

– Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ// маҷаллаи  Идоракунии давлатӣ. №1. 2016.С.88-98.

– Марҳилаҳои ташаккулёбӣ ва таҳкими идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони навин //Паёми ДМТ (маҷаллаи илмӣ). ISSN 2074-1847/ №3/7(214). Душанбе: «Сино», 2016.- С.10-15.),

– Система государственного управления в Республике Таджикистан: становление и развитие” // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). ISSN 2074-1847/ №3/7 Қисми1(2017). Душанбе: «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», 2017.- С.92-97.

– Такмили идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (Нашрияи Донишоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ). ISSN 2219-5408 №5(72) Душанбе, 2017. С.233-237.

– Ташаккули низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар сарзамини Тоҷикистон  дар оғози бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ” // Паёми ДМТ(маҷаллаи илмӣ). ISSN 2074-1847/ №6 (2018). Душанбе: «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», 2018.- С.63-67.

-Рушди  низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (Нашрияи Донишоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ). ISSN 2219-5408 №4. Душанбе, 2018.

– Civil service in the republic of Tajikictan: formation, reform and prospeсts of development//International journal  of civil service reform and practice/ ISSN 20409/5532 /vol.1.No 1/ march. Astana. 2019.

Дар маҷмӯъ бештар аз 70 китобу дастур, васоити таълимӣ-методӣ ва мақолаҳои илмӣ таҳия намудааст.

 

 Муҳимтарин дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва тарғиботӣ:

– Аз соли 1996 то соли 2006 дар радиои Тоҷикистон  тавассути  барномаи  «Тоҷикон дар масири таърих»  ( бо ҳамроҳии шодравон М. Исоматов) ба таблиғу ташвиқи тахрихи халқи тоҷик пардохта, дар ташаккули хотираи таърихии мардум ва худшиносию худогоҳии оммаи васеи шунавандаго саҳм гузоштааст ва  дар 10 сол  бештар аз  120  барномаи мазкур  ба хазинаи тиллоии  радиои Тоҷикистон  ворид  гардидаанд. Ҳамзамон то имрӯз  оид ба мавзӯъҳои мухталифи ҷомеа дар шабакаҳои телевизион  Тоҷикистон  баромад мекунад.