Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Мухторов Зайнидин Мухторович — директори Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

тел: (+992 32) 2289151.

E-mail: pazhuhishgoh.did@mail.ru

Унвони илмӣ: доктори илмҳои филология

Собиқаи корӣ: 23 сол

 

Самти фаъолияти илмӣ: дискурси сиёсӣ, риторика, кори иҷтимоӣ, заминаҳои ҳуқуқии кори иҷтимоӣ, хизмати давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ. Ҳамзамон раиси Кумитаи Авроосиёии Ассотсиатсияи байналмилалии Маърифат (ILA).

 

Пажўҳишгоҳи  идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ

Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар  сохтори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, моҳи январи  соли 2009 расман ба фаъолият оғоз кардааст.

Дар асоси тағйир  ёфтани мақоми  Донишкада ва таҷдиди сохтори он аз моҳи августи соли 2013 Марказ ба Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва таҳлилию иттилоотиро амалӣ  менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти Пажўҳишгоҳ:

  • Амалисозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • Таҳияи тавсияҳо оид ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Омўзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзўъҳои вобаста ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ дар доираи фаъолияти Пажӯҳишгоҳ.
  • Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  • Ташкил ва мусоидат барои иштироки муҳаққиқони соҳа дар конференсия, симпозиумҳо ва семинарҳои илмӣ-методӣ.
  • Таъмини илмӣ ва илмӣ-методии раванди таълим дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории муҳими Донишкада дар кори гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти факултетҳо, магистратура, курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ нақши фаъол дорад.

 

Вазифаҳои Пажўҳишгоҳ

Барои расидан ба ҳадафҳои худ Пажўҳишгоҳ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  • иштирок дар кори банақшагирии тадқиқоти бунёдии масъалаҳои назариявӣ ва амалии идоракунии давлатӣ ва соҳаи хизмати давлатӣ;
  • гузаронидани назарсанҷиҳо дар байни шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси  хизматчиёни давлатӣ;
  • иштирок дар таҳияи созишномаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои илмӣ дар идоракунии давлатӣ ва  соҳаи  хизмати  давлатӣ;
  • таҳияи маълумотномаҳо ва муншаоти таҳлилӣ доир ба масъалаҳои гуногунии доракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои мақомоти роҳбарикунандаи давлатӣ бо супориши мақомот.