Магистратура

Шуъбаи магистратураи ҷузъи сохтории Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар тамоми самтҳои тайёр кардани магистрантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура, таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалии магистратураи муассисаро амалӣ месозад.

Дар шуъба ихтисосҳои «Амнияти компютерӣ» ва «Идоракунии давлатӣ» ҳамчун ихтисосҳои дар зинаи бахши магистратура амал мекунад.

Соли 2017  нахустин  бор 23  нафар  магистрантон  аз рўи  ихтисоси  “Амнияти  компютерӣ” зинаи  магистратураро  хатм  намуда,  соҳиби  дипломи  магистр, аз ҷумла  3 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Соли 2017 аввалин гурўҳи магистрӣ аз рўи ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” қабул гардид. Айни ҳол дар Донишкада 106 нафар магистрантони муқаррарӣ таҳсил мекунанд.

Ихтисоси “Идоракунии давлатӣ” яке аз самтҳои афзалиятноки Донишкада ба ҳисоб меравад, ки маҳз барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар доираи лоиҳаи Бунёди Ханнс Зайдели Федератсияи Олмон   таъсис дода шуда, ба он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ ҷалб карда мешаванд.

Ихтисоси мазкур аз соли 2009 инҷониб таъсис дода шуд ва дар давоми 8 сол 488 нафар хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистрӣ гардиданд. Айни ҳол 53 нафар дар зинаи магистратураи идоракунии давлатии хизматчиёни давлатӣ таҳсил намуда истодаанд.

 

Вазифаи асосии шуъба:

— роҳнамоии барномаҳои магистрӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии мутахассисон, такмили сифатҳои кори онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои нави меҳнатӣ;

— ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорон ҷиҳати таъмини ягонагии низоми талабот ба ташкил, шартҳои татбиқ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои тайёр кардани магистрантон;

— банақшагирӣ ва ташкили раванди таълими магистрантон;

— ташкил ва баҳисобгирии ҳаракати ҳайати магистрантон.

 

Ҳуқуқҳои шуъба:

  • барои амалисозии вазифаҳои шуъба аз тамоми сохтор ва хадамот, сарфи назар аз тобеият, маълумоти заруриро дастрас намояд;
  • дар муассиса аз болои иҷрои барномаҳои магистрӣ назорат барад;
  • дар машғулиятҳои таълимӣ, ҷаласаи кафедраҳо ва Шӯрои олимони муассиса ҳангоми баррасии масъалаҳои вобаста ба иҷрои барномаҳои тайёр кардани магистрантон иштирок намояд;
  • фармоишҳои ба фаъолияти магистратура дахлдорро, ки иҷрои онҳо барои факултетҳо ва кафедраҳо ҳатмист, интишор кунад;
  • якҷоя бо шуъба (ё дигар ниҳодҳо)-и методии муассиса нақшаи нашри адабиёти таълимӣ ва таълимӣ-методро барои магистрантон бо факултетҳо ва кафедраҳо мувофиқа кунад;
  • лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаро дар самти фаъолияти магистратура таҳия созад;
  • манфиатҳои муассисаро дар қисмати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъбаи магистратура гузошташуда дар ташкилотҳои дигар манзур кунад;
  • оид ба такмили фаъолияти шуъба ба роҳбарияти муассиса пешниҳодҳо ироа кунад;
  • ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазаму босамари шуъба аз компютерҳо, таҷҳизоти нусхафзо ва техникаву захираҳои дигари дар муассиса мавҷуда васеъ истифода намояд.

 

 

Уҳдадориҳои кормандони шуъба:

  • такмил ва рушди фаъолияти шуъбаро мунтазам таъмин созанд;
  • вазифаҳои ба зиммаи шуъба вогузоршударо босифат ва пурра иҷро кунанд;
  • қарорҳои Шӯрои олимон, амру фармоишҳо ва супоришҳои ректори муассисаро дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ созанд.