Кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ

Кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ

Кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ аз ҷумлаи воҳидҳои сохтории Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаълияти кафедра барои таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқии хизмати давлатӣ равона гардида, тадқиқу баррасии масоили ҳуқуқии ин бахшро ба ҳайси предмети омӯзиш қарор додааст. Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» сурат гирифта, мақолаю дастурҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳия ва таълиф намуда, инчунин барои омода намудани монография ва диссертатсияҳои илмӣ саъй менамояд. Фаъолияти ҳайати устодони кафедра барои коркард ва дарёфти равиш ва усулҳои муҳимми ҳуқуқии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули мактаби илмии назариявӣ ва амалии асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва хизмати давлатӣ равона гардидааст.

Ҳадафи кафедра таҳия ва истифодаи технологияҳои гуногуни муосири таълим, таъминоти усулҳои муосири ҷараёни таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне талош меварзад, ки соҳиби донишу малакаи зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва маърифати баланди ҳуқуқианд ва инчунин технологияҳои муосири идоракуниро хуб медонанд. Донишҷӯён дар ҷараёни таҳсил бояд ба сатҳи баланди фарҳангӣ, донишу малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин месозанд расанд ва ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.  

Вазифаҳои асосии кафедра:

 1) омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамзамон дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси масъулиятшиносӣ, соҳибкасбӣ, ҷаҳонбинии муосир, ҳувияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав ва захираи сифатан нави иқтидори кадрӣ барои ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ;

2) коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба амалияи муосири асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, таъмини сифати баланди таълим бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ ва амалӣ;

3) таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мониторинги низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати ошкор намудан ва ҳаллу фасли проблемаҳои ҷойдошта ва дар ин замина омода намудани дурнамои тадқиқоти илмӣ-амалӣ;

4) фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илмии муосир ва амалияи пешқадам анҷом дода мешавад. Кафедра вазифадор аст, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва таҳдиди хатарҳои гуногун мутахассисони ҷавон ва хизматчиёни давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифату комил ва дорои заковати баланди ҷаҳонфаҳмӣ ва фикрронии мустақилона тарбия намояд.

Аз ин рӯ, кафедра барои мунтазам васеъ гардидани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва хизматчиёни  давлатӣ, рушди тафаккуру шуури ҳуқуқӣ – назариявӣ ва баланд бардоштани маърифати онҳо кӯшиш менамояд. Дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар доираи мавзӯъҳои алоҳида устодони кафедра оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккулёбии ҷаҳонбинии мубориза бо коррупсия, ҷанбаҳои таъмини гендерӣ дар хизмати давлатӣ, коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар хизмати давлатӣ, ҳуқуқи иштирок дар идораи корҳои давлатӣ, ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ лексияҳо мехонанд. Дар ҷараёни таълим кафедра ваколатҳои хизматчиёни давлатиро ба инобат гирифта, ҷиҳати тавзеҳу таснифи онҳо дар алоқаманди бо қонунгузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамзамон, омӯзиши паҳлуҳои гуногуни асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, таълиму тарбияи маънавию ахлоқии хизматчиёни давлатӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар самти кор бо хизматчиёни давлатӣ ва магистрони Донишкада кафедра аз усулҳои фаъоли таълиму тарбия истифода намуда, масъалаҳои ҳуқуқиеро пешниҳоди онҳо менамояд, ки барои фаъолияти минбаъдаи онҳо дар сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ зарур мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра омӯзиши асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамчунин таъмини ҷараёни таълим бо барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҳадаф тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки қобилият ва маърифати баланди идоракунӣ ва малакаи коркард ва қабули қарорҳоеро дошта бошанд, ки фаъолияти самараноки мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин намоянд. Кафедра дар арафаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Ҳайати устодону кормандони кафедра аз ҷавонони болаёқату кордон иборат аст. Кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ дар асоси нақшаҳои тасдиқшуда фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмии худро сипарӣ намуда истодааст. Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқ;
  • Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ;
  • ҳуқуқи конститутсионӣ;
  • Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон;
  • ҳуқуқии  байналмилалӣ;
  • ҳуқуқи маъмурӣ;
  • ҳуқуқи молиявӣ;
  • ҳуқуқи гражданӣ;
  • ҳуқуқи меҳнатӣ;
  • ҳуқуқи иттилоотӣ;
  • Ҳуқуқи иқтисодӣ
  • Танзими ҳуқуқии иқтисодиёт;
  • Асосҳои ҳуқуқии худидоракунии маҳаллӣ;
  • Ҳуқуқи инсон;
  • Назария ва амалияи ҳуқуқи дипломатӣва консулӣ;
  • Асосҳои хизмати давлатӣва дипломати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;