Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ

Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ:

Мавлоназаров Силмон Силтонназарович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).

Фаъолияти меҳнатӣ.

Аз 1 марти соли 2014 мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон; дотсент.

Мавлоназаров С.С. муаллифи  монографияи “(История  Российско-таджикской связи в конце ХIХ-ХХвв.» (Душанбе,2013), китоби дарсии “Информатика” (қисми-1, Душанбе,2008),  “Информатика” (қисми-2, Душанбе,2009), “Маҷмӯи мисолу масъалаҳои тестӣ аз математика” (Душанбе, 2013), “Дастури таълимию методӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз технологияи иттилоотӣ” (Душанбе,2012) “Информатика” (курси лексионӣ-Душанбе, 2012), “Роҳнамои информатика” (барои гуруҳҳои кредитӣ-Душанбе, 2013),  Технологияи иттилоотӣ дар хизматӣ давлатӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ мебошад.

 Самти асосии фаъолияти илмии кафедра – омӯзиши масъалаҳои иттилоотонӣ, сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, мусоидат намудан ба татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди низоми омӯзиши компютерӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти технологияҳои компютерӣ.

Вазифаҳои асосии кафедра:

  • омӯзонидани асосҳои самараноки ҷорикунии технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯён ва магистрантҳо;
    • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати мунтазами омӯзиши маҳорату малакаи кор бо компютер ва такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ;
    • мусоидат намудан ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Кафедра дар самти «Асосҳои самараноки ҷорикунии технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ мебарад.

Дар татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014» кафедра саҳм гирифта аст.

Дар тӯли фаъолияти худ кафедра зиёда аз 28 китоб, дастури таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ таҳия ва чоп кардааст.

Ҳамчунин дар кафедра зиёда аз 40 модули таълимӣ дар мавзуъҳои «Иттилоотонии сохтори хизмати давлатӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ», «Ҳукумати электронӣ» ва  таълиф шудаанд.

Кафедра курсҳои такмили ихтисосро дар самтҳои зерин омода ва баргузор мекунад:

  • Ташаккули ҳукумати электронӣ дар хизмати давлатӣ.
  • Ҳукумати электрониӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ;
  • Сиёсати давлатии иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомотӣ давлатӣ.

Фанҳои таълимӣ:

– Технологияи иттилоотӣ.

– Ҳифзи барнома ва маълумот

– Ашколи (графика) компютерӣ;

– Географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографии он;

– Географияи иқтисодӣ ва минтақашиносӣ;
–  Таҳлили математикӣ;
–   Технологияи ва методҳои барномасозӣ;
– Математикаи олӣ;
– Экология;
– Амнияти иттилоотӣ;
– Консепсияи табиатшиносии муосир;
– Технологияи иттилоотӣ дар идоракунӣ;
– Информатикаи иқтисодӣ;
– Географияи иқтисодии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ.