Кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ

Кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз намудааст.

Дар кафедра устодони соҳбтаҷриба фаъолият дошта ба донишҷӯёни ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ, магистрантон, маълумоти дуюм ва курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ машғулиятҳо мегузаронанд.

Фанҳои таълимии кафедра:

  • Муқаддимаи дипломатия:
  • Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ:
  • Назарияи муносибатҳои байналмилалӣ:
  • Сиёсатшиносӣ:
  • Низоъшиносӣ:
  • Геополитика:
  • Таърихи дипломатия:
  • Таърихи дипломатияи тоҷик:
  • Асосҳои хидмати дипломатӣ ва консулӣ:
  • Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ:
  • Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ:
  • Минтақашиносии сиёсӣ:
  • Аҳамияти байналмилалии сулҳи тоҷикон:
  • Терроризм дар ҷаҳони муосир:
  • Сиёсати хориҷӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • Масоили анияти байналхалқӣ ва минтақавӣ:
  • Асосҳои сиёсати байналхалқӣ:
  • Сиёсати ҷаҳонӣ:
  • Сиёсати давлатӣ:
  • Тоҷикистон дар низоми нави геополитикӣ:

Омӯзгорони кафедра барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо технологияи нави – модулҳои таълимӣ лексия ва семенарҳо мегузаронанд.

Устодони кафедра асосан аз рӯи самтҳои сиёсати хориҷӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шунавандагон лексия ва семинар мегузаронанд.

Модулҳои таълимӣ барои курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ:

  • Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳо ва хусусиятҳои он:
  • Дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият:
  • Тоҷикистон кишвари ташаббускори дипломатияи об:
  • Таърихи ташаккули давлати Тоҷикистон:
  • Роғун –иқтидорӣ миллӣ:
  • Инъикоси фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ:
  • Давлат ҳамчун институти сиёсӣ:
  • Малакаи лидерӣ дар хизматӣ давлатӣ:

Ҳайати кормандони кафедра аз доктори илм, профессор номзади илм, дотсент,  муаллими калон ва ассистент иборат аст.

Мудири кафедраи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбеков Амид Ёрбекович мобошад.

Мавзӯи умумӣ-таҳқиқотии кафедра таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ» тасдиқ гардида, ҳайати омӯзгорон самтҳои гуногуни онро таҳқиқ менамоянд.

Дар кафедра бо хатмкунандагони макотиби олии хориҷӣ, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва олимони ватаниву хориҷӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо баргузор мегарданд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Набзи сайёра» фаъолият дорад. Дар чорабиниҳои маҳфили илмӣ, донишҷӯён мавзӯъҳои гуногуни масоили муносибатҳои байналмилалӣ, равандҳои сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, сиёсати хориҷии мамлакат ва дигар масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои байналмилалиро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Устодони кафедра дар муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ конфронсҳо, симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд.