Кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ

Кафедраи илмҳои иҷтимоӣ – гуманитарии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шўрои олимони Донишкада  аз 30. 12.2014  № 10 дар заминаи  муттаҳид кардани кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ ва кафедраи илмҳои гуманитарӣ таъсис дода шуд.

Кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ  яке аз марказҳои  муҳими илмию таълимӣ дар сохтори  Донишкада буда, фаъолияти он тибқи бунёди илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ сурат мегирад.

Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар мавзўъҳои бунёдии «Масъалаҳои муҳими таърих ва фарҳанги идоракунии давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, асосҳои назариявӣ ва амалияи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ» сурат гирифта, мақолаю барномаҳои таълимӣ, инчунин, китобҳои дарсӣ таҳия ва таълиф мегарданд.

Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии  тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне  ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд.  Инчунин  дорои сатҳи баланди фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.

Вазифаҳои асосии кафедра:

1.Дар донишҷўён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ профессионализм, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав  ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ.

2.Коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим  бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ.

3.Таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ   барои ошкор намудани проблемаҳои соҳаи идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он.

4.Фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ,  азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илми муосир ва амалияи пешқадам мебошад.

Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавон ва хизматчии давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифати қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии  замони муосир бирасонад.