Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ

Кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи нишондоди Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ ба фармони Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.12.2008, № 100 таъсис ёфта, моҳи январи соли 2009 ба фаъолият оғоз намудааст.

       Мақсади кафедра тарбияи мутахассисони дорои донишу малакаи идоракунии захираҳои инсонӣ барои соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар заминаи таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таълим  мебошад.

 ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КАФЕДРА

Ба зиммаи кафедраи  идоракунии захираҳои инсонӣ вазифаҳои зерин гузошта мешавад:

-фаъолияти самарабахши таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо мақсади тарбияи касбии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ;
– истифодаи дастовардҳои илми муосир ва амалияи пешқадами идоракунии захираҳои инсонӣ дар раванди таълим;
– мусоидат намудан ба ҷараёни инкишофи қобилияти зеҳнию фарҳангӣ, тақвияти нерӯи созандаи инсон ва дар ин замина тарбия намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир;
– мунтазам васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии хизматчиёни ояндаи давлатӣ, рушди тафаккури мантиқӣ – назарӣ ва баланд бардоштани сатҳи қобилияти зеҳнии онҳо;

-такомули сатҳи маҳорату малакаи касбии донишҷуён;
– ба роҳ мондани раванди омӯзиши мафҳумҳои бунёдӣ ва муқаррароти назарии идоракунии захираҳои инсонӣ дар робита ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ.
– аз рўйи нақша ва барномаҳои таълимии Донишкада бо дараҷаи баланди илмию назариявӣ ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), озмоишгоҳӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ;

Дар кафедра14 нафар омўзгор фаъолият дорад, ки аз ин:

3 нафар корманди асосӣ,

4 нафар ҳамкори дохилӣ,

7 нафар ҳамкори буруна мебошад.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Менеҷменти муосир» фаъолият дорад. Дар чорабиниҳои маҳфили илмӣ, донишҷӯён мавзӯъҳои гуногунро оиди масъалаҳои захираҳои инсонӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.