Кафедраи идоракунии давлатӣ

Кафедраи идоракунии давлатӣ Кафедраи идоракунии давлатӣ ҷузъи асосии таълимӣ, методӣ ва илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро оид ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ, ба роҳ монда, дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр кардани мутахассисони илмӣ баланд бардоштани савияи тахассусии ҳайат саҳм мегузорад. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра иборат аст аз:

  • татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба идоракунии давлатӣ
  • омўзонидани таърихи идоракунии давлатдории тоҷикон

. омўзонидани идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии мамлакатҳои хориҷӣ

  • тарзи дуруст ба роҳ мондани мафҳумҳои менеҷмент дар байни донишҷўён ва магистрантон
  • омўзиши вижагиҳои идоракунии давлатӣ
  • ба тарзи систематикӣ баёни консепсияҳои асосӣ, амсилаҳо ва мақулаҳои менеҷменти стратегӣ
  • тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатӣ
  • омӯзиши таҷрибаи мактабҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои хориҷа дар фаъолияти касбии
  • омӯзонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти идоракунии давлатӣ
  • таҷрибаи мактаби идоракунии давлатии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар байни донишҷўён, магистрантон ва хизматчиёни давлатӣ

Фаъолияти кории кафедра баҳри таҳкими низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих, назария ва амалия равона гардида, мувофиқи он нақша ва барномаҳои таълимии кафедра (силлабусҳо) ва чорабиниҳои илмӣ таҳия мегарданд ва дар ин замина кормандони кафедраи идоракунии давлатӣ корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд: – ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ ва дигар намудҳои машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; – роҳбарӣ ба корҳои таълимию методӣ, корҳои курсию магистрӣ, рефератҳо, таҷрибаомӯзӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва магистрантон, ташкил ва гузаронидани суҳбат ва санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ; – таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшавандаи идоракунӣ; – таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои таълимию методӣ ва дигар маводи методӣ вобаста ба нақшаҳои таълимӣ ва самтҳои нави тахассус; – ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ; – роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён ва магистрантҳо; –  баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра; – омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони кафедра; – муҳокимаи рисолаҳои хатм, магистрӣ, номзадию докторӣ ва барои ҳимоя пешниҳод намудани онҳо;   КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ: Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович – мудири кафедраи идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ буда, аз соли 2016 дар ин вазифа кор мекунад. Дар баробари фаъолияти таълимию омӯзгорӣ, ба таҳқиқи масъалаҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, таърихи идоракунӣ ва ҳуқуқи ислом  машғул аст.  Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович Соли таваллуд: 10 апрели соли 1977. Таҳсилот: олӣ. Донишгоҳи милии Тоҷикистон, факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» (1997-2002), ассистенти кафедраи «Ҳуқуқ» -и Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикитон ба номи С. Айнӣ (2002-2010). Аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ,(2007-2011), Ходими хурди илмӣ (2008-2011), Ходими калони илмӣ (2011-2015), Ходими пешбари илмӣ (2015-2016). Аз соли 2016 то ин ҷониб мудири кафедраи «Идоракунии давлатӣ»-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2011 зери унвони «Таърихи истеҳсолти судии Тоҷикистони тошўравӣ (таҳқиқи таърихӣ – ҳуқуқӣ)» ҳимоя намуда, унвони номзади илми ҳуқуқро соҳиб гардид. Аз соли 2013 баҳри омода намудани рисолаи докторӣ дар мавзуи «Истеҳсолоти судӣ дар ислом (таҳқиқи таърихӣ, ҳуқуқӣ – муқоисавӣ)», таҳқиқот бурда истодааст. Муаллифи зиёда 25 корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз ҷумла : 1-монография, 1-брашюра ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Монография: История судопроизводства досоветского Таджикистана (историко-правовое исследование).   Академия Наук Республика Таджикистан Душанбе, Дониш. 2017. С. 190. Мақолаҳои солҳои охир ба табъ расида: Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович

  1. Развитие судопроизводства в таджико- персидских государствах в IX- XIII вв. //Юридическая наука: история и современность. СПб., 2016. С.23-29.
  2. Накши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати иҷтимоӣ. //Конститутсия кафолати таъмини ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии шахс, давлат ва ҷомеа. Душанбе, 2016. С.116-125.
  3. Таҳкими давлати иҷтимоӣ ҳадафи стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. //Маҷмуаи мақолаҳо. Ҷомеа ва афкор. Душанбе, 2016. С.3-12.
  4. Худшиносии миллӣ омили муҳими таҳкимбахши истиқлолияти сиёсӣ. //Маҷмуаи мақолаҳои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ». Душанбе,2016. С.257-263.
  5. Андешаҳои Абубакри Розӣ оид ба масоили давлатдорӣ ва падидаҳои ҳуқуқӣ. //Ахбори Институти фаосафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. Душанбе, 2016, №3. С.85-89.
  6. Судопроизводство в Туркистанском генерал-губернаторстве. Мир и политики и соцеалогии. СПб 2016. №8. С.175-180.
  7. Баъзе масоили идоракунии давлатӣ дар афкори мутафаккирони тоҷику форс. //Равандҳои ҷаҳони муосир ва ояндабинии иҷтимоӣ. Душанбе, 2017. С. 14-25.
  8. Принсипи адолат дар афкори Абуалӣ ибни Мискавайҳ. // Равандҳои ҷаҳони муосир ва ояндабинии иҷтимоӣ. Душанбе, 2017. С.25-35.
  9. Ташаккули принсипҳои ҳуқуқи исломӣ ва падидаҳои истеҳсолоти судӣ дар ибтидои пайдоиши ислом. // Ахбори Институти фаосафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ. Душанбе, 2017. №4. С.84-90
  10. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули идоракунии давлатӣ. // Идоракунии давлатӣ. Маҷалаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. №3. С. 26-32.

Дар кафедра 12 нафар омӯзгорон, 2 нафар асосӣ, 6 нафар ҳамкори дохилӣ ва 4 нафар ҳамкорӣ беруна фаъолияти мебаранд. Ному насаби устодони дар кафедра фаъолият дошта:

  1. Қодиров Д. С. –муаллим, корманди асосӣ;
  2. Ализода Б.- номзади илмҳои филология, дотсент ҳамкори дохила;
  3. Хайруллоев Ф. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент ҳамкори дохила;
  4. Маҳмадиев Н.- номзади илмҳои фалсафа, дотсент ҳамкори берунӣ;
  5. Наимов М.- номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент ҳамкори беруна;
  6. Аминов М. -муаллими калон, ҳамкори дохила;
  7. Ѓаффорзода А.- муаллими калон, ҳамкори дохила;
  8. Сафаров Э.- муаллими калон, ҳамкори дохила;
  9. Фаридуни Исматулло – муаллим, ҳамкори дохила;
  10. Носирова Ф. – муаллима, ҳамкори дохила;
  11. Содиқзода Ҳ. – муаллим, ҳамкори берунӣ;
  12. Ғоибназарзода Ҷ. муаллим, ҳамкори беруна.

Дар назди кафедра маҳфили илмӣ-“Идоракунии давлатӣ” фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба тибқи нақшаи пешбинишуда маҳфилҳои худро доир намуда истодаанд.