КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кафедраи забонҳо ҷузъи асосии таълимӣ, методӣ ва илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моҳи апрели соли 2013 таъсис ёфта, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро оид ба масъалаҳои забони давлатӣ, рушд ва мавқеи истифодаи он дар мақомоти давлатӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда, дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва илмию педагогӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии ҳайат саҳм мегузорад. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра иборат аст аз:

  • татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатӣ
  • мусоидат намудан дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  • таълими Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои донишҷўён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ
  • риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомоти марказӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии ҷамоат ва шаҳраки ҷумҳурӣ
  • вазъи забони давлатӣ ва истифодаи он дар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • омўзиши асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ барои донишҷўён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ
  • аз таърихи дастуру санаднигорӣ дар корҳои давлатӣ ва идории ниёгон
  • санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва забони онҳо
  • моҳият ва мазмуни маҳорати суханварӣ ва фарҳанги сухан
  • фасоҳат ва балоғати сухани донишҷўён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ
  • тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
  • омўзиш ва мавқеи истифодаи забонҳои русӣ ва англисӣ дар фаъолияти ояндаи касбии донишҷўён ва магистрантҳо
  • омўзонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» №358, аз 28 июли соли 2017

Фаъолияти кории кафедра баҳри татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба забони тоҷикӣ ва русию англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ  равона гардида, мувофиқи он нақша ва барномаҳои таълимии кафедра (силлабусҳо) ва чорабиниҳои илмӣ таҳия мегарданд ва дар ин замина кормандони кафедраи забонҳо корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

– ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ ва дигар намудҳои машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– роҳбарӣ ба корҳои таълимию методӣ, корҳои курсию магистрӣ, рефератҳо, таҷрибаомўзӣ, корҳои мустақилонаи донишҷўён ва магистрантон, ташкил ва гузаронидани суҳбат ва санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ;

– таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшавандаи забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;

– таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷмўаҳои таълимию методӣ ва дигар маводи методӣ вобаста ба нақшаҳои таълимӣ ва самтҳои нави тахассус; – ба роҳ мондани корҳои имию тадқиқотӣ;

– роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷўён ва магистрантҳо;

– пешниҳод намудани таълифоти анҷомёфта барои баррасӣ ба Шўрои илмӣ-методии Донишкада;

– баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон  ва кормандони кафедра;

– омўзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омўзгорони кафедра; – дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омўзгорони ҷавон барои такмили маҳорати педагогии онҳо;

– таҳия ва ба роҳбарияти Донишкада пешниҳод кардани лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сазмонҳои байналмилалӣ, инчунин сафорату намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд;

– муҳокимаи рисолаҳои хатм, магистрӣ, номзадию докторӣ ва барои ҳимоя пешниҳод намудани онҳо;

– ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омўзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди забони давлатӣ ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;

– ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра.

 

Дар назди кафедра се маҳфили илмӣ

-“Минуи хирад” (забони тоҷикӣ),

“Юний оратор” (забони русӣ),

“Забони англисӣ-забони байналмилалӣ” (забони англисӣ) фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба тибқи нақшаи пешбинишуда маҳфилҳои худро доир намуда истодаанд.

Эълон! Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо на танҳо донишҷўён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ, балки шаҳрвандони хоҳишманд, бавежа соҳибкорон, омўзгорон, табибон ва дигарон ба тариқи шартномавӣ (пулакӣ) метавонанд забонҳои хориҷиро омўзанд.

Нишонї:734003, шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, Е-mail: info@did.tj Тел.: 224-17-86, 224-56-60; 224-83-93; 92 757 32 28; 919-30-32-28: