Факултети такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ

 САФАРЗОДА Хуршед Ҳайдар

Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Соли 2008 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ хатм кардааст.

Тӯли солҳои 2008-2018 дар кафедраҳои журналистикаи байналхалқӣ, забонҳои хориҷӣ ва забони англисии ДМТ фаъолият намудааст.

Дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон ва инъикоси он дар матбуоти даврӣ» кори илмӣ мебарад.

Факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун факултет аз соли 2013 амал мекунад. Аз соли 2004 то 2013 омӯзиши касбии хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, №1502 дар заминаи он таъсис ёфтааст.  Фаъолияти факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ҳамасола тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба барномаҳои гуногун зиёда аз якуним ҳазор хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Аз соли 2004 инҷониб ба курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ зиёда аз 21 ҳазор нафар хизматчии давлатӣ ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 6200 нафарашонро (29,5 %) занон ташкил менамоянд.

Дар баробари курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, курсҳои таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд, ки дар онҳо шунавандагони курс таҷрибаи хоҷагиҳо, ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳои пешқадамро меомӯзанд. Машѓулиятҳо дар курсҳои такмили ихтисос бо ҷалби устодони соҳибтаҷрибаи Донишкада ва олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун баргузор мегарданд. Барномаҳои таълимӣ:

  • Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ; • Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; • Идоракунии давлатӣ дар замони муосир; • Идоракунии давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ; • Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; • Сиёсати давлатии иқтисодию молиявӣ дар Тоҷикистон; • Татбиқи технологияи кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; • Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

  • Ҷанбаҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Сиёсати давлатӣ оид ба муҳочирати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Сиёсати давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатӣ.

 

Маълумотнома

Сафаров Абдухолиқ Зафарович 5 март соли 1984 дар шаҳри Кӯлоб,дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии  Тоҷикистон хатм кардааст. Кор ва Фаъолияти собиқа: Соли 2006-2007 Муҳосиби КВД “Тоҷиктекстилмаш”  шаҳри Душанбе. Солҳои 2010-2016 Сармуҳосиби ташкилоти ҷаъмиятии  “Сафват”. Соли 2016 то ҳоло дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот будам. Аз 18 декабри 2018 муовини декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа дорам. Аъзои ҲХДТ мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

      Иброҳимова Саодатмо Зулфовна 9 июли соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, соли 1987 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро хатм намудааст. Дорандаи Ифтихорномаи Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2016 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аъзои ҲХДТ аз соли 2014.

Фаъолияти корӣ: Солҳои 1987 -1989 Инспектори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб шуда, кор кардааст. Аз соли 1989 то соли 2009 ба ҳайси муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Б.Ғафурови шаҳри Кӯлоб фаъолият доштааст. Солҳои 2009-2012 ҳамчун мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор карда, аз соли 2012 то соли 2016 дар вазифаи мудири кабинети методии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб адои вазифа намудааст. Аз соли 2016 то ҳол дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа дорад. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.