Факултети муносибатҳои байналмилалӣ

БОБОЗОДА Фаридун Толибҷон

декани факултет

Соли 2004 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ хатм кардааст. Дар кафедраҳои таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-педагогӣ намудааст.

Вобаста ба мавзӯҳои робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ кори илмӣ мебарад.

Номзади илмҳои таърих (07.00.15).

 

Факултети муносибатҳои байналмилалӣ соли 2013 бо мақсади тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи дипломатия таъсис дода шудааст. Дар факултет тайёркунии бакалаврҳо аз рӯи ихтисоси 1-230101- муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Кафедраҳои сохтории факултет:
• кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ;
• кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ;
• кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ;
• кафедраи забонҳо;

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ:
Фаъолияти асосии илмӣ-тадқиқотии факултет ин тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ буда, гузаронидани таҳқиқотҳои илмиро аз рӯи самтҳои илмии таҳқиқотии кафедраҳои марбута рӯи мавзӯи таърихи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии муосир, равандҳои муосири ҳамгироӣ (интегратсионӣ), масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Фаъолияти ҳайати устодони факултет ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ, масъулиятнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти миллиро дар донишҷӯён тарбия намудан мебошад.

Барномаҳои таълимӣ:
• Таърихи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ;
• Таърихи умумиҷаҳонӣ;
• Кишваршиносӣ;
• Забони хориҷии фаъолияти касбӣ;
• Асосҳои хизмати дипломатӣ ва консулӣ;
• Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
• Маросимот ва ташрифоти дипломатӣ;
• Масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ.

Фаъолияти созмону маҳфилҳои донишҷӯӣ:

Дар факултет 256 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 65 нафарашон духтарон мебошанд. Соли 2017 аввалин донишҷӯёни факултет бо ихтисоси 1-230101- муносибатҳои байналмилалӣ Донишкадаро хатм намуданд.

Дар факултет Созмони ҷавонон фаъолият дорад, ки дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ, тарбиявӣ, маърифатию оммавӣ нақш дорад. Дар ҳар гуруҳ бахшҳои илму навоварӣ, варзиш ва ҳунар, одоб ва зебоӣ, кор бо духтарон таъсис ёфта, дар корҳои таълимию ҷамъиятӣ тавассути ин бахшҳо худи муҳасилин саҳмгузоранд.

Донишҷӯёни факултет дар корҳои илмию ҷамъиятӣ фаъол буда, дар назди ҳар кафедра маҳфилҳои илмии донишҷӯиро роҳбариву фаъол менамоянд. Ин маҳфилҳо аз қабили: «Набзи Сайёра», «Сарвари ҷавон», «Адолат» ва «Минои хирад» мебошанд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе – рӯзи забони англисӣ ва рӯзи ҷумъа – рӯзи забони русӣ эълон гардидааст, ки устодону шогирдон фориғ аз дарсҳо пурра бо ин забонҳо гуфтугӯ менамоянд.