Факултети идоракунии давлатӣ

Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар

декани факултет   номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

20 декабри соли 1985 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст, миллат тоҷик. Маълумот олии иқтисодӣ, соли 2008 факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз муҳосиби хоҷагии  ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуда, сипас аз соли 2009 ба ҳайси муҳосиби музди меҳнат, муҳосиби моддӣ, ҷонишини сармуҳосиб, сариқтисодчӣ ва раиси Иттифоқи касабаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа то моҳи майи соли 2015 фаъолият намуддаст.

Соли 2010 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Муассисаи умумироссиягии илмӣ-татқиқотии иқтисодиёт, меҳнат ва идоракунӣ дар хоҷагии халқи Академияи илмҳои Федератсия Россия дар шаҳри Москва дохил шуда,  22 апрели соли 2015 рисолаи номзадии худро дар доираи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.05 — иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) ва 08.00.14 — иқтисодиёти ҷаҳон бо муваффақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Моҳи майи соли 2015 фаъолияти худро ба ҳайси мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур то майи соли 2016 идома медиҳад. Аз моҳи майи соли 2016 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан ба ҳайси мудири кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молия, аз 20 декабри соли 2016 то ҳоло декани факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор соҳиби се фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, бахши илмҳои иқтисодӣ сарфароз гардонида шудааст.