Бахши табъу нашр

Ному насаб: Носиров Миршароб Сангинович

Вазифа ва ҷои кори ҳозира: Мудири бахши табъу нашри Донишкада.

Соли таваллуд: 24.10.1972

Ҷойи таваллуд: вилояти Суғд

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бахши табъу нашри Донишкада бо мақсади таъмини табъу нашри нақшавии адабиёти таълимӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ, рўзномаю маҷалла ва дигар маводи таълимӣ таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои бахш

– амалӣ гардонидани фаъолияти таҳрирӣ ва интишоротии Донишкада;

– иштирок дар омода намудан ва гузаронидани намоишгоҳҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба фаъолияти бахш;

– омода намудани дастнависҳо барои чоп, назорати риояи талабот оид ба корҳои иҷрошуда ва ороиши онҳо;

– фаъолияти илмию иттилоотӣ;

– таъмини интишори маҷалла ва мавод оид ба Донишкада;

– ба чоп омода намудани маҷаллаи илмии Донишкада;

– гузаронидани маҷлисҳои бахш, корҳои машваратӣ бо муаллифон (мураттибон, таҳиягарон), муҳаррирон ва тавсияи маводи чопӣ ба нашр;

– пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Шўрои олимони Донишкада;

– бо сифати баланд анҷом додани корҳои таҳрирӣ;

– баланд бардоштани сифати таҳрир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

– саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани супоришҳои Раёсати Донишкада.

 

Ҳуқуқҳои бахш

– масъалаҳои вобаста ба фаъолияти табъу нашрро барои баррасӣ ба роҳбарияти Донишкада пешниҳод намояд;

– дар доираи салоҳияти худ ба кормандони бахш дастур ва супориши хаттӣ диҳад;

– аз роҳбарони сохторҳои Донишкада ахбори барои иҷрои вазифаҳои бахш зарурро дархост намояд;

– дархост ва номаю шикоятҳоеро, ки ба фаъолияти бахш вобастагӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор диҳад;

– низомнома, дастурамали вазифавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи нашр ва таҳрири мавод барои тасдиқ ба Ректори Донишкада пешниҳод намояд;

– ба кормандони бахш нишондиҳандаҳоеро муқаррар намояд, ки иҷрои уҳдадорӣ ва вазифаҳои шартномавиро таъмин менамоянд;

– мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ монад;

– барои қонеъ намудани талаботи кормандони бахш талош варзад;

– мувофиқи қонунҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро анҷом диҳад;

– барои қонеъ намудани ниёзмандиҳои муаллифон ва муҳаррирон кўшиш намояд;

– аз натиҷаи чорабиниҳои дар Донишкада баргузоргардида барои агентиҳои иттилоотӣ бо мувофиқаи Ректор хабарнома таҳия ва дастрас намояд;

– барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодњои худро ба Раёсати Донишкада пешниҳод гардонад.

 

Сохтори бахш

Сохтори бахшро 3 нафар кормандони штатӣ ташкил медиҳанд:

– мудири бахш   – 1 нафар;

– сармутахассис – 1 нафар;

– мутахассиси пешбар – 1 нафар.