Шуъбаи илм иноватсия ва робитахои байналмилалӣ

I. Маълумоти умумӣ

Шўъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, ҳамчун воҳиди сохтории Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта самти илмӣ-тадқиқотӣ, техникӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаро бо дигар муассиса ва ташкилотҳои дохилӣ ва берунии ҷумҳури роҳандозӣ менамояд.

Фаъолияти шуъба аз се қисм илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ иборат мебошад ва онро сардори шуъба роҳбари мекунад, ки ҳисоботдиҳандаи муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ мебошад.

Шўъба тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкада таъсис ва барҳам дода мешавад.

II.Вазифаҳои асосии шўъба

Дар асоси нақшаи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкада шўъба аз рафти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо назорат мебарад.

Аз рафти иҷрои нақшаҳои дурнамо ва солонаи корҳои илмӣ -тадқиқотӣ, баррасӣ ва қабули ҳисоботи кафедраҳо аз ҷараён ва натиҷаҳои корҳои илмӣ назорат бурда ба муовини ректор оид ба илм, инноватсия  ва робитаҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод мекунад.

Таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо муассисаҳои дигари ҷумҳурӣ.

Таъмини таҳлили ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ- ташкилотӣ, натиҷаҳои татбиқи тадқиқотҳои анҷом ёфта дар таҳсилот ва кор бо ҳамкорони хориҷӣ.

Амалӣ намудани Барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди илм алоқаманд мебошад.

Назорат ва иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавии дар бахши илм татбиқшаванда.

Рушди инноватсия ва таблиѓи ѓояҳои инноватсиоӣ дар Донишкада миёни устодон ва донишҷўён.

Мустаҳкам намудани алоқаи илм бо раванди таълим ва бо ин роҳ ҷалб намудани ҳайати устодон, докторантон, аспирантон ва донишҷўён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналхалқӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналхалқӣ.

Таҳия ва пешниҳоди фармонҳои донишкадавӣ оид ба сафархизматҳои илмӣ, бозомўзӣ ва назорат аз болои ҳисоботи сафарҳои хизматӣ.

Мусоидат ҷиҳати ишктироки донишкада дар барнома ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-инноватсионӣ.

Фиристодани омўзгорон, аспирантон ва донишҷўёни донишкада ба хориҷа, барои табодули таҷриба, омўзиш ва таҷрибаомўзӣ.

Ба Донишкада даъват намудани коршиносони хориҷӣ барои хондани лексия дар курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, баргузории машваратҳои якҷояи илмӣ-амалӣ.

Амалигардонии ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ, будубош ва омўзиши шаҳрвандони хориҷӣ.

Дар асоси омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мусоидат намудан ба сохторҳои Донишкада оид ба таҳияи барнома ва нақшаҳои таълимӣ – методӣ, масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои кишварҳои хориҷа, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ.

Ҷобаҷогузорӣ ва таъмини қисми илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ бо мутахасисони варзида ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ-педагогӣ.

Омода намудан ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ, созишнома ва барномаҳои ҳамкорӣ.

Ширкат дар таҳияи шартномаҳо, барномаҳои корӣ, лоиҳаҳо бо ҳамкорони хориҷӣ ва назорати  иҷрои  он.

Баргузории конфронсҳои илмӣ – амалии  байналмилалӣ, симпозиумҳо,  семинарҳо,  намоишгоҳҳо  дар  заминаи  донишкада.

Ба расмият дарорӣ ва баҳисобгирии даъватномаҳои мутахассисони  хориҷӣ,  баргузории   қабули   ҳайати  хориҷиён дар сатҳи ректор, ки ба донишкада ташриф меоранд.

Руйхати муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки Донишкада бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.

 

Р/Т

          Номи муассиса Роҳбари муассиса Санаи  имзои созишнома Муҳлати анҷоми созишнома
1. Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Мау Владимир Александрович 2.12.2016 2.12.2021
2. Фонди Ханнса Зайделя Доктор Георг Макс Майер 2.01.2015 2.01.2020
3. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии қирѓизистон Алмазбек Акматалиев 26.03.2016 26.03.2021
4. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии қазоқистон Жакипова Фатима Надыровна 8.06.2015 8.06.2020
5. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Белорус Жилинский Марат Геннадьевич 14.04.2015 14.04.2020
6. Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Самара Хасаев Габибулла Рабаданович 1.08.2017 1.08.2022
7. Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ороми шаҳри Хабаровск Иванченко Сергей Николаевич 11.05.2017

17.03.2022

 

8. Донишгоҳи давлатии ҷанубу ѓарбии Федератсияи Россия, ш. Курск Емелянов Сергей Геннадьевич 17.05.2017 17.05.2022
9. Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди ҳукумати  Ҷумҳурии Башқористон Кызыргулов Ильгиз Раянович 09.2017 09.2022
10. Донишкадаи идоракунии Шимолу-Ѓарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Шамахов Владимир Александрович 06.12.2018 05.12.2023
11. Erasmus Plus Зарина Нуридинова 2018 2021
12. Хаби Остонагӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ Мухамедьевич Алихан Байменов 2018  
13. Филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (GOPA) мбх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко 2018 2019

 

Созишномаҳое, ки дар арафаи ба имзорасӣ қарор дорад:

 

          Номи муассиса Роҳбари муассиса Санаи  имзои созишнома Муҳлати анҷоми созишнома
1. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

Қосимов Рустам Собирович

 

   
2. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Урхан Казым оглы Алекперов