Китобхонаи илмӣ

 

Неъматова Гулбаҳор Аминовна — аз соли 2015 мудири бахши Китобхонаи илмӣ Донишкада.

Соли таваллуд: 27.02.1962,

Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон.

Таҳсилот: Олӣ, Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе (1981), Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2012).

 

 

                                КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ

                                         ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                    Китобхонаи илмӣ хадамоти китобдорию библиографӣ, раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявиро таъмин намуда, дар баробари он маркази андӯхтани дониш, мулоқотҳои маънавию фарҳангӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти  Китобхонаи илмӣ:

Татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба китобдорӣ.

Хизматрасонии самарабахши рӯзмарраи иттилоотию библиографӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ, магистрантон, ва кормандону донишҷӯёни Донишкада.

Ташкил намудани захираи Китобхонааи илмӣ мувофиқ ба фаъолият ва самти таълимию илмии Донишкада дар асоси талоботи нақшаҳои таълимӣ, илмӣ ва хонандагони китобхона.

Тарбияи фарҳангӣ, иттилоотӣ, омӯзонидани малакаи истифода аз китоб ва Китобхона. Кӯмак ба хонандагон барои кор бо махзани иттилоотии электронӣ ва усулҳои нави истифода аз технологияи иттилоотӣ.

Афзун намудани номгӯи адабиёти Китобхонаи илмӣ, баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷҳизоти нави техникӣ, технологияи муосир. Пайваст намудани компютерҳо ба шабакаи интернет.

Хизматрасонии кормандони Китобхонаи илмӣ ба муштариёни худ дар толори хониш.

Кӯмак ба ҷараёни таълим, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкада, номгӯи асарҳои устодони Донишкада, картотекаи унвонию мавзӯӣ ва намоиши китобҳо.

Малакаи ҷустуҷӯ ва дарёфт намудани маълумотҳои зарурӣ ва истифодаи он дар ҷараёни таълим ва корҳои илмӣ ба донишҷӯён, магистрантон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ.

Мунтазам ташкили намоиши китобҳо барои хонандагони Китобхонаи илмӣ.

Мукаммалгардонии фаврӣ ва илман асоснокшудаи фонди Китобхонаи илмӣ мувофиқи барнома.

Харидор намудани адабиёти таълимӣ, илмӣ-иттилоотӣ, бадеӣ ва матбуоти даврӣ тибқи дархости донишҷӯён, магистрантҳо, кафедраҳо.

Ҷобаҷогузории китобҳо, ҳифз ва баҳисобгирии онҳо.

 

М А Ъ Л У М О Т Н О М А

оид ба фаъолияти китобхонаи илмии Донишкадаи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Китобхонаи илмӣ тибқи иҷрои бандҳои 9, 15 Нақша-чорабиниҳои Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  (мактуби Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №700106 аз 02.11.2017) иттилоъ медиҳад, ки  то ҳолати 20 ноябри соли 2017 теъдоди китобхо, маводҳои таълимӣ ва методӣ дар чунин сатҳ қарор дорад.

Фонди китобхонаи Донишкада ҳамагӣ 14826 нусха адабиётҳои илмӣ, бадеӣ, тахасусӣ, соҳавӣ, «Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Идоракунии давлатӣ»-ро ташкил медиҳад.

  Аз ҷумла фонди китобхона аз:

        -адабиётҳои ҳуқуқӣ: 805-нусха;

      -адабиётхои сиёсӣ: 118-нусха;  

     -адабиётҳои таълимӣ, методӣ ва дарсӣ:  692- нусха (аз ин ҳисоб 651 — нусха бо забони давлатӣ);

        -маводхои маълумотдиҳанда аз ҷумла луѓат, фарҳанг, энсиклопедия:       — 382 нусха;                                                    -адабиётҳои илмии иқтисодӣ: — 247 нусха;

          -илмҳои иҷтимоӣ- гуманитарӣ: — 920 нусха;

       -соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ: — 414 нусха;

       -соҳаи информатика ва технологияи иттилоотӣ: — 524 нусха;  

    -«Паёми Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -6972 нусха;               -маҷаллаи илмӣ –сиёсии «Идоракунии давлатӣ» 3475 нусха;

   -адабиётҳои бадеӣ ва гуногунмавзуъ 277 нусха иборат аст.

            Дар толори хониши китобхона 12 адад компютер насб гардидааст, ки аъзоёну хонандагони китобхона ҳамеша аз он самаранок истифода менамоянд.

Инчунин, дар китобхона ҷиҳати таъмини донишҷӯён, магистрантҳо, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ ва хонандагону аъзоёни китобхона бо маводҳои электронӣ ба компютерҳо 2000 нусха номгӯи адабиётҳои электронӣ  ворид карда шудааст.

            Бо мақсади шинос гардидани донишҷуён, магистрҳо ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ дар толори хониши китобхона гӯшаи осори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудааст ва ҷиҳати омӯзиши осори гаронмояи Пешвои миллат дар махзани китобхона 200 нусха китобҳо мавҷуд аст.

Ҳамчунин, дар китобхонаи илмии Донишкада гӯшаҳои «Туҳфа аз хориҷи кишвар», «Китобҳои кормандони Донишкада», Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза мавриди истифодаи умум қарор доранд.

То ба имрӯз, дар Китобхонаи илмии Донишкада 348 нафар аъзои доимӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар қироатхона 713 нафар, китобхонаи электронӣ 166 нафар аз маводи китобхонаи илмӣ дар давоми сол истифода намуданд.