Шуъбаи корҳои тарбиявӣ

Сардори шуъбаи корҳои тарбия: Рабизода Тоҳиршоҳ Абдуғаффор, соли таваллуд 1990.

Маълумот: олӣ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии татқиқотии технологияҳои иттилоотӣ, механика,  шаҳри Санк-Петербург. Ихтисос: иқтисодчӣ. Аз соли 2015 то инҷониб дар вазифаи сардори шуъба. Шуъбаи корҳои тарбия яке аз воҳидҳои сохтории Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи корҳои тарбия: Шуъба тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз фаъолияти тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишкадаро назорат намуда, дар назди муовини ректор оид ба тарбия ва ректор масъул мебошад. Вазифаҳои шуъбаи корҳои тарбия: Иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи тарбия; иҷрои фармонҳои Ректори Донишкада, қарорҳои Шўрои олимон ва раёсати Донишкада оид ба самарабахшии корҳои тарбиявӣ дар байни устодону донишҷўён; фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо ва факултетҳо назорат менамояд; бобати ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷўёни Донишкада ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша – чорабиниҳоро таҳия менамояд; фаъолияти кории муовинони деканҳо оид ба тарбияро таҳти назорат қарор медиҳад; баргузории соатҳои тарбиявӣ ва фаъолияти сарпарастони гурўҳҳои академиро назорат менамояд; ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омўзиши онро ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад;  иҷрои “Қоидаҳои тартиботи дохилӣ” ва риояи “Дастурамали тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”-ро таъмин менамояд; барои инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳо меандешад.

Нақшаи

кори шуъбаи корҳои тарбиявии Донишкадаи идоракунии давлатии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соли таҳсили 2018-2019

 

Т/р Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати

иҷро

Иҷрокунанда Масъулон
1 Таҳия ва тасдиқи Нақшаи кории шуъба (мутобиќи талаботҳои  Консепсияи миллии тарбия) моҳи августи соли 2018 Шуъбаи корҳои тарбиявӣ Сардори шуъба
2 Ташкил ва баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи дониш»

-ташкили тамошои дастаҷамъонаи  суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи дониш»

1 сентябри  соли 2018 Шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва садорати факултетҳо сардори шуъба, деканҳои факултетҳо

 

 

3 Ҷаласаи шуъба бо иштироки Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Сентябри соли 2018 Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Сардори шуъба
4 Дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-8 сентябри соли 2018

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо сардори шуъба, деканҳои факултетҳо
5 Дар асоси ҷадвали тасдиќкардаи садорати факултетҳо аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳо ва кормандон ташкил намудани навбатдорӣ дар биноҳои таълимӣ:

-ташкил намудани ҷадвал ва дафтари ќайди навбатдорӢ дар даромадгоҳи биноҳои таълимӣ

Моҳи сентябри

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ  ва садорати факултетҳо сардори шуъба, деканҳои факултетҳо мудирони кафедраҳо
6 Дар якҷоягӣ бо садорати факултетҳо омода намудани пешниҳод оиди таъин намудани кураторон дар факултетҳо ва магистратура;

-тартиб додани наќшаи кори Шӯрои кураторон;

-тасдиќи наќшаи кори Шӯрои кураторони факултетҳо;

-тартиб додани наќшаи кори Шӯрои занон ва духтарони Донишкада;

-ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои кураторони факултетҳо;

-назорати гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ;

-вобаста намудани синфхонаҳо ба гурӯҳҳо;

-фаъол намудани кор бо волидайну сарпарастон;

-назорати доимӣ ҷиҳати  дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории кураторони гурӯҳҳо.

Сентябри соли 2018

 

 

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ дар якҷоягӣ бо садорати факултетҳо,

шӯрои кураторон, шӯрои занон ва духтарон.

 

 

 

 

сардори шуъба, декани факултетҳо ва раиси шӯрои кураторон
7 Ба роҳ мондани омӯзиш ва иҷрои

-Ќонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

мунтазам шуъбаи корҳои тарбиявӣ,

садорати факултетҳо.

сармутахассиси шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва деканҳои факултетҳо
8 Дар байни факултетҳо эълон намудани озмунҳо:

-синфхонаи беҳтарин;

-куратори беҳтарин;

-гурӯҳи беҳтарин;

-донишҷӯи фаъолу навовари Донишкада.

дар давоми соли таҳсил бахшида ба ҷашнвораҳо шуъбаи корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо созмони ҷавонон ва деканҳои факултетҳо
9 Ташкил ва ботантана  гузаронидани чорабаниҳо бахшида ба ҷашнвораҳо:

-Рӯзи забони давлатӣ;

-Рӯзи ќабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Рӯзи Президент;

-Рӯзи Парчам;

-Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ;

-Рӯзи модарон;

-Иди байналмилалии  Наврӯз;

-Рӯзи Ғалаба;

-Рӯзи оила;

-Рӯзи ҷавонон;

-Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

-Рӯзи дави миллӣ ва ғайра

Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо ва кафедраҳо, шӯрои занон ва духтарон.

 

 

сардори шуъба, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо
10 Ташкил намудани озмунҳо бахшида ба ҷашнвораҳо:

-«Газетаи девории  беҳтарин»;

-«Факултети фаъоли Донишкада»;

-«Кадбонуи беҳтарини Донишкада».

Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва садорати факултаҳо, шӯрои занон ва духтарон. сардори шуъба, созмонҳои ҷамъиятӢ, деканҳои факултетҳо
11 Ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушоди тарбиявӣ. Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

шӯрои кураторони донишкада кураторони гурӯҳҳои таълимӣ
-дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо ташкил намудани вохӯриҳо бо волидони донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия;

-зери назорати доимӣ ќарор додани низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар сохтори тарбиявии факултетҳо. Ҷоннок намудани фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷиҳати мунтазам гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, натиҷагирӣ намудани давомоти ҳафтаина;

-ҷиҳати ташаккул додан ва такмил бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён, доир намудани чорабиниҳои фарҳангӣ.

шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва садорати факултаҳо, шӯрои кураторон,  Шӯрои занон ва духтарон. сардори шуъба ва деканҳои факултетҳо
12 Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва садорати факултаҳо сардори шуъба, созмонҳои ҷамъиятӣ, деканҳои факултетҳо
13 Ташкил ва баргузории ҳафтаи «Одоби салом»

 

 

 

Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ, кафедраҳои фанҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва забонҳо Шуъбаи корҳои  тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо
14 Ташкил намудани иштироки донишҷӯён дар конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва барномаҳои телевизионӣ Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи илм инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ ва садорати факултетҳо сардори шуъба ва садорати факултетҳо
15 Таъмин намудани иштироки донишҷӯён дар барнома ва чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ Дар давоми

соли таҳсили 2018-2019

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва садорати факултетҳо сардори шуъба, декани факултетҳо
16 Ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо шоиру нависандагон ва шахсони баруманди ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон–хонаи ободи мо» моҳи майи соли 2019 шуъбаи  корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо сардори шуъба, декани факултетҳо
17 Ташкили суҳбату вохӯриҳо бо кормандони маќомотҳои ҳифзи ҳуќуќ оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа (ифротгароӣ, нашъамандӣ ва хариду фурӯши одамон) Дар давоми

соли таҳсили 2018-2017

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ

 

сардори шуъба, раиси Шӯрои занон ва духтарон, декани факултетҳо
18 Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати донишкада гузаронидани шанбегиҳо ва корҳои ободонӣ. дар давоми сол шуъбаи хоҷагидорӣ, шуъбаи корҳои тарбиявӣ  ва садорати факултетҳо сардори шуъба, декани факултетҳо ва кураторони гурӯҳҳои академикӣ
19 Гузаронидани рейдҳо дар факултетҳо ва санҷиши ҳолати иҷроиши фармони Вазири маориф ва илми ҶТ №394 аз 31 марти соли 2007 дар бораи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ:

–оид ба давомот,  вазъи навбатдорӣ,

–тартибу интизом дар бинои  таълимии Донишкада,

–бе мошини шахсӣ ба дарс омадан, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар дохил ва саҳни бино ва накашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

 

мунтазам

шуъбаи корҳои тарбиявӣ, Садорати факултетҳо, кафедраҳо сардори шуъба, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва коллективи устодону кормандони  Донишкада
20 Ташкили суҳбатҳо бо ҷалби кормандони масъули ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони  Агентии мубориза бар зидди маводи  мухаддир дар мавзӯъҳои;

-нашъамандӣ  беморӣ, гуноҳ ё ҷиноят;

-ВИЧ СПИД ва нашъамандӣ;

-хавфи маводи мухаддир

дар давоми соли таҳсил шуъбаи корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо, Шурои занон ва духтарон. сардори шуъба, декани факултетҳо
21 Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ бо маќсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ мунтазам шуъбаи корҳои тарбиявӣ, садорати факултетҳо Шуъбаи корҳои тарбиявӣ
22 Ҷамъбасти озмунҳои умумидонишкадавӣ:

«Куратори беҳтарин»

«Гурӯҳи беҳтарин»

«Донишҷӯи фаъолу навовари Донишкада»

моҳи майи соли 2019 шуъбаи корҳои тарбия, садорати факултетҳо раисони комиссияҳои озмунӣ
23 Пешниҳод намудани ҳисобот вобаста ба корҳои кураторӣ дар нимаи аввал ва дуюми соли таҳсил Шӯрои кураторон Раиси  Шӯрои кураторон, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ
24 Ҳисоботи корҳои   тарбиявии факултетҳо се маротиба дар давоми сол садорати факултетҳо деканҳои факултетҳо
25 Ҳисоботи Шӯрои кураторони факултетҳо ҳар семоҳа Шӯрои кураторони факултетҳо Раиси  Шӯрои кураторон
26 Ҳисоботи Шурои занон ва духтарони Донишкада ҳар семоҳа Раиси Шӯрои занон ва духтарон Сардори шуъба
27 Ҳисоботи корҳои тарбиявии шуъба Ҳар нимсола

 

шуъбаи корҳои тарбиявӣ Сардори шуъба
28 Чамъбасти ҳисоботҳои семоҳа, нимсола ва солонаи шуъба охири ҳар семоҳа, нимсола ва сол шуъбаи корҳои тарбиявӣ Сардори шуъба

 

 

 

Сардори шуъбаи  тарбия                                                               Т. Рабизода