Шӯъбаи таълим

Сардори шуъбаи таълим: Сафаров Даврон Ҷўрахонович
Маълумот: олӣ. Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ

Собиқаи корӣ: 12сол

Самти фаъолияти илмӣ: педагогика, психология, идоракунии давлатӣ
Шуъбаи таълим
Шуъбаи таълим яке аз воҳидҳои сохтории Донишкадаи идоракунии далатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи таълим

Ба роҳ мондани банақшагирӣ, ташкили мониторинг, такмил ва назорати раванди таълим, назорати таъмини ҷиҳати илмию методии раванди таълим; мутобиқ намудани корҳо доир ба татбиқи усулҳо ва технологияи нави таълимӣ дар раванди таълим; банақшагирӣ ва таъмини ҷараёни муътадили таълим; таъмини сохторҳои таълимии Донишкада бо маводҳои аввалиндараҷаи меъёрии таълимӣ; таҳияии гузоришҳо, маълумотномаҳо ва ҷамъоварии мавод оид ба фаъолияти таълимию методии Донишкада; мураттабсозии ҳуҷҷатҳои заминавии меъёрӣ, ки фаъолияти мунтазами таълимию методии Донишкадаро бо дарназардошти талаботи муосир ба роҳ мемонанд; Шӯрои методӣ ва Шӯрои олимони Донишкада; ба раёсати Донишкада манзур намудани маълумотнома оид ба фаъолияти таълимию меътодӣ дар Донишкада.

Ҳадафи шуъба тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаи идоракунии давлатии ба талаботи замон мувофиқ мебошад.

Вазифаҳои шуъбаи таълим

Иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои маъмурияти Донишкада; омода кардани ҷавобҳо ба мактубҳои ташкилотҳои зерсохтор роҷеъ ба корҳои таълимӣ, назорат аз болои ҷавобҳои дурусту саривақтӣ ба мактубу шартномаҳое, ки ба ҷараёни таълим марбутанд; назорат бурдан аз болои иҷроиши мактубу фармонҳо, дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶТ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои оид ба масоили таълимӣ ва таълимию методӣ; ҷамъбаст намудани натиҷаҳои давраи имтиҳонот, корҳои комиссияҳои имтиҳоноти давлатӣ, тайёр кардан ва таҳлили натиҷаҳои азхудкунии барномаи таълим аз тарафи донишҷӯён ба хулосаю пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим; назорат аз болои кори деканҳо ва кафедраҳо, ки ба беҳбудии ҷараёни таълим равона карда шудааст; ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои дахлдор фиристодани маълумот оид ба иҷрои қарору нишондодҳо роҷеъ ба масоили таълимӣ.