Комиссия қабул

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

қабули довталабонро ба магистратураи Донишкада дар шакли таҳсили рўзона ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ва ба таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар шакли таҳсили ѓоибона ба тариқи шартномавӣ барои соли таҳсили 2019-2020 эълон менамояд.

Эълони кабули докторантура-2019 Эълони кабули Аспирантура 2019

Эълони кабули Аспирантура 2019

 

Талаботи умумӣ ба довталабон:

– таҳсилоти олӣ (бакалавр ё мутахассис барои шуъбаи магистратура);

– таҳсилоти олӣ (магистратура ё  мутахассис барои таҳсилоти дуюми олии касбӣ);

– синни то 35 сола; (барои шуъбаи магистратура)

– донистани забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;

– малакаи кор бо компютер.

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд;

– ариза ба номи ректор;

– нусхаи шиноснома;

– диплом бо замимааш (нусхаи асл) ;

– сурат (3х4) 6 дона;

– маълумотномаи тиббии №038;

– маълумотнома аз ҷои истиқомат;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– билети ҳарбӣ ё дафтарчаи даъватшаванда;

– хислатнома;

Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

Забон ва адабиёти тоҷик (иншо);

Асосҳои давлат ва ҳуқуқ  (суҳбат);

Математика (саволу ҷавоб);

Технологияи информатсионӣ ( суҳбат).

Аз рўйи натиҷаи суҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо гузошта мешавад.

Холи миёна аз рўйи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.

 Низоми баҳодиҳиро комиссияи қабул аз рўйи пешниҳоди раёсати таълим муқаррар менамояд.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул аз 20 июн  то 20 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат  аз 21 то 28 август муқаррар гардидааст.

Суроѓа:  ш. Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, тел/факс (992) 224 17 86, 224 3162 e-mail (info.did@tj).  web. www.did.tj

Руйхати ихтисосхо барои кабули 2019-2020

Номгуи хуччатхо (хурд-рамка)

Коида-идомаи тахсил

Коидаи тахсилоти 2