Ҳайати кормандони кафедра

Ҳайдарӣ Сабоҳат Саид  

Номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Мудири кафедраи   идоракунии захираҳои инсонӣ

Рисолаи илмӣ «Ақидаҳои  фалсафӣ ва ахлоқии Абубакри Розӣ»

1 декабри 1963 дар ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Варзоб), таваллуда шудааст. Соли 1988 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи  В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси таърих-ҷомеашинос хатм намудааст.

        Ў аз соли 1988 то соли 2000 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дар кафедраи фалсафа, таърих ва назарияи маданият дар вазифаҳои коромўз, мудири кабинет, аспиранти кафедра кору фаъолият намудааст.

        Аз соли 2000 то соли 2004 дар кафедраи фалсафаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ба ҳайси ассистент ва муаллими калон, аз соли 2004 то соли 2014 дар кафедраи фалсафаи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ба ҳайси муаллими калон, ҷонишини декани факултет оид ба илм дар факултети романӣ – германӣ фаъолият намудааст.

       Аз соли 2014 то имрўз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои декани факултет, ҷонишини декани факултет, ва ҳоло мудири кафедра кору фаъолият менамояд