Садорати факултети муносибатҳои байналмилалӣ

Бобозода Фаридун Толибҷон Аз апрели соли 2017 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии донишкада кор мекунад. 27 июли соли 1982 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисос дипломат, муносибатҳои байналхалқӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1998 ба ҳайси корманди шуъбаи Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз намудааст. Солҳои 2004-2009 коромўз ва сипас аспиранти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2004-2007 мутахассиси пешбари шуъба оид ба масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2007-2008 ёрдамчии директори Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, солҳои 2008-2010 Директори генералии ҶДММ «Кони-Дон» («Азия Гранд Ҳотел»), солҳои 2010-2017 ёрдамчии директори Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Дар ин давра корҳои илмӣ-педагогиро идома дода, солҳои 2009-2017 ба ҳайси ассистент дар кафедраҳои таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Номзади илмҳои таърих, дотсент. Рисолаи илмиро дар мавзуи “Таърихи ташаккул ва рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2006)” соли 2016 бо муваффақият ҳимоя намуд. Дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ фаъолона иштирок мекунад. Муаллифи 20 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Аъзои ҲХДТ.

 

Файзов Некрӯз Наврӯзович Аз сентябри соли 2017 – то инҷониб ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ – ҳамзамон муовини декан оид ба корҳои таълими факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 23 феврали  соли 1990 дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таввалуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2013 Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистонро бо ихтисоси мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ хатм  кардааст. Аз соли 2013-2017 ассистент ва баъдан аз соли 2016 муаллими калони кафедраи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ кору фаъолият намудааст.  Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ – унвонҷӯи кафедраи  минтақашиносии сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмию-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” таҳқиқот намуда истодааст.