Ҳайати устодони кафедра

Комилбеков Амид Ёрбекович

Номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент. Аз феврали соли 2016 мудири кафедраи  муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии факултети  муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракуни давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

8 август соли 1985 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ тавалуд шудааст. Маълумоташ олӣ, солҳои 2010 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро бо ихтисоси Муаррих-ҷомеашинос хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2009 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи умумии факултаи таърих ва ҳуқуқ Донишгохи давлатии Хоруғ шурӯъ намудааст. Солҳои 2010-2013 аспиранти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон. Солҳои 2011-2016 ассистент ва баъдан муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Соли 2014 рисолаи номзадиро дар мавзуи “Идоракунии сиёсӣ дар раванди сиёсии муосир  (таҷрибаи Тоҷикистон)” бо муваффақият ҳимоя намудааст.

Дар конференсияҳову ҳамоишҳои илмӣ – байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ фаъолона иштирок мекунад.  Муаллифи 28   мақолаи илмӣ, илмӣ -оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ – методӣ мебошад. Аъзои ҲХДТ.

 

Бобозода Фаридун Толибҷон Аз апрели соли 2017 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии донишкада кор мекунад. 27 июли соли 1982 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисос дипломат, муносибатҳои байналхалқӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1998 ба ҳайси корманди шуъбаи Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз намудааст. Солҳои 2004-2009 коромўз ва сипас аспиранти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2004-2007 мутахассиси пешбари шуъба оид ба масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2007-2008 ёрдамчии директори Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, солҳои 2008-2010 Директори генералии ҶДММ «Кони-Дон» («Азия Гранд Ҳотел»), солҳои 2010-2017 ёрдамчии директори Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Дар ин давра корҳои илмӣ-педагогиро идома дода, солҳои 2009-2017 ба ҳайси ассистент дар кафедраҳои таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Номзади илмҳои таърих, дотсент. Рисолаи илмиро дар мавзуи “Таърихи ташаккул ва рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2006)” соли 2016 бо муваффақият ҳимоя намуд. Дар конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ фаъолона иштирок мекунад. Муаллифи 20 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ-методӣ мебошад. Аъзои ҲХДТ.

 

Воҳидов Насридин Ҳизбуллоевич Аз сентябри соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 20 июни соли 1992 дар шаҳри Ваҳдат, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2015 ба ҳайси иқтисодчии ҶДММ “Бинокорони Аср” оғоз намудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Таърих ва ташаккули давлатҳои миллӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)”  таҳқиқот карда истодааст.

 

Алуев Анушервон Сайфидинович Аз сентябри соли 2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 4 майи соли 1990 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2013 Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистонро бо ихтисос муносибатҳои байналми хатм кардааст. Солҳои 2013-2017 ассистенти кафедраи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ кор кардааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Таърихи ташаккул ва инкишофи муносибатҳои халқҳои тоҷик ва қирғиз дар асриҳои XVI-XIX”таҳқиқот идома дода истодааст. .

 

Шеров Шодӣ Саломатшоевич Аз сентябри соли 2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 4 июни соли 1995 дар ноҳияи Ванҷ, ВМКБ дар оилаи деҳқон таввалуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2017 Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистонро аз руи ихтисоси менеҷменти сиёсӣ хатм  кардааст. Аз  сентябри соли 2017 аспиранти ғоибхони Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз рўи ихтисоси 23.00.04-масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ва  рушди ҷаҳони минтақавӣ  таҳсил карда истодааст. Аз  сентябри соли 2017 то августи 2018  ба ҳайси асcистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилаллии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият намудам. Дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират (2009-2019)”таҳқиқот пеш бура истодааст.

 

Файзов Некрӯз Наврӯзович Аз сентябри соли 2017 – то инҷониб ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ – ҳамзамон муовини декан оид ба корҳои таълими факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 23 феврали  соли 1990 дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таввалуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2013 Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистонро бо ихтисоси мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ хатм  кардааст. Аз соли 2013-2017 ассистент ва баъдан аз соли 2016 муаллими калони кафедраи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ кору фаъолият намудааст.  Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ – унвонҷӯи кафедраи  минтақашиносии сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмию-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” таҳқиқот намуда истодааст.