Хабарҳои кафедраи забонҳо

РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси маҳфилҳлои назди кафедраи забонҳо («Минои хирад», «Лингвист русского языка» ва «Young translator») ба муносибати Рўзи байналмилалии забони модарӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он шумораи зиёди ҳайати устодон ва  донишҷўёну магистрантҳо иштирок карданд.

Чорабинии мазкурро муовини ректори Донишкада Аҳмадзода З.К. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба ин ифтихор шодбош гуфт.

Сипас, Бобозода Ф.Т., декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, Ализода Б.П., сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва идораи давлатӣ, Шарипов Ш.Р., мудири кафедраи забонҳо, Шукурова Т.Ф., дотсенти кафедраи забонҳои Донишкада роҷеъ ба  масоили марбути Рўзи байналмилалии забони модарӣ сухан гуфтанд.

Донишҷўён ва магистрантҳо доир ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ, яғнобӣ ва забонҳои помирӣ маърўза карда, шеърҳо қироат намуданд.