Ҳайати кормандони кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ

Мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ:

Сайдамадова Дилором Лақаевна, номзади илмҳои педагогӣ,     дотсент. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), дорандаи Медали хизмати шоиста(2018)

Сайдаҳмадова  Д.Л  солҳои 1985-1990  донишҷӯи  Институти педагогии щаҳри Душанбе, ба номи Т.Г. Шевченко (айни ҳол ДОДТ ба номи С.Айнӣ) буда  баъди хатми он  солҳои 1990-1992 ба ҳайси муаллими химия-биологияи  мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб  кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1992   то соли 2018  дар  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазифаҳои гуногун,ассистенти кафедраи биология(1992-1994), муаллими калони кафедраи биологияи ДДК(1994-2006),Стажер-татқиқотчӣ дар назди кафедраи биохимияи  ДМТ(1995-1996),  ҷонишини декан оид ба тарбияи факултаи иқтисодӣ (2009-2010) мудири  кафедраи  география (2010-2012), декани факултаи химия, биология ва географи (2012-2015), ноиби ректор оид ба тарбияи ДДК  (2015-2018) кору фаъолият намудааст.

Аз  31.08.2018  то инҷониб  мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ- гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумхурии Тоҷикистон  мебошад.                                                                    Дотсент Сайдамадова Д.Л. муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ,  2 васоитҳои таълимӣ  ва  муаллифи  зиёда  аз  45 мақолаҳои  илмию  оммавӣ  ва тарбиявӣ  мебошад.

Аз ҷумла: Мирзоев С.С., Сайдаҳмадова Д.Л., «Анатомия ва физиологияи одам»  (Васоити таълимӣ барои донишҷӯёни  факултаҳои  табиатшиносӣ)  Душанбе, «Ирфон», 2015. 467 с. Мирзоев С.С., Сайдаҳмадова Д.Л., Гигиенаи мактабӣ (Васоити таълимӣ барои  донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои тиббӣ) Душанбе, «Ирфон»,2016.135 с,Мирзоев С.С., Сайдаҳмадова Д.Л., «Ҷанбаҳои тарбия ва маърифати экологии хонандагону донишҷӯён»  (дастури таълимӣ-методӣ) Душанбе, «Ирфон», 2016. 64с.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Абилова Гуландом Сардоровна

Номзади илмҳои фалсафа, дотсент.

тел: 93 999 60 13

Email abilova.78@mail.ru

Собиқаи корӣ : 16сол. Самти фаъолияти илмӣ: «Тадқиқи масъалаҳои рушд ва ташаккулёбии шахсият дар раванди тадриси илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ».  Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2017)

        Абилова Г.С. фаъолияти илмии хешро баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо пешниҳоди Донишгоҳи мазкур ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура ба кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оѓоз намуд. Баъди таҳсили аспирантура  фаъолияти минбаъдаи  кории худро ба ҳайси  ассистент, муаллими калон ва дотсент дар донишгоҳи зикргардида идома дод. Ҳамзамон, ӯ дар соҳаҳои мухталифи илмӣ-таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъолияти босамар намудааст. Аз  ҷумла, аз соли 2009-2011 роҳбари шуъбаи омори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода,  аз соли 2011-2014 котиби илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва  аз соли 2014 то соли 2018  мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  айни ҳол дотсенти кафедраи мазкур мебошад.

Хатмкардаи факултаи таърих ва филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  (2000). Аз соли 2000-2001 муаллимаи    забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ №9-и ба номи К.Файзуллоеви ш. Кӯлоб, аз соли 2001-2002 ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ,  соли 2002 коромӯз-таҳқиқотчии  ДДОТ ба номи қ.Ҷӯраев. Аз соли 2002 ассистенти кафедраи фалсафаи ДОДТ ба номи С.Айнӣ.  С соли 2008 дар озмуни муаллими калон дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ иштирок намуда, муаллимаи калони кафедраи фалсафа таъин мешавад.  Аз соли 2009 дар ДДЗТ ба номи С. Улуѓзода дар як навбат ба ҳайси роҳбари шӯъбаи омор ва муаллимаи калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкада фаъолият намудааст. Соли 2011 Абилова Г.С. дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ рисолаи илмиашро таҳти унвони «Асосҳои ахлоқию маънавии оила (дар мисоли Тоҷикистон)» зери роҳбарии д.и.ф., профессор Ѓаффорова М.Қ. дифоъ намуд.

Аз соли 2011 то соли 2014 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайси котиби илмӣ фаъолият кард.

Аз соли 2014-2018 мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ  ва аз сентябри соли 2018 то инҷониб дар вазифаи дотсенти кафедра кору  фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи  зиёда аз 45 адад маводи илмӣ – таълимӣ, таълимӣ- методӣ, аз ҷумла 30 мақолаи илмӣ, 3 монография, 3 китоби дарсӣ шуморида мешавад.

Аз ҷумла “Асосҳои маънавию ахлоқии оила” (бо  забони русӣ ). “Асосҳои фалсафа” ва “Равшангари дилҳо”.

    Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби як фарзанд.

       Мирзоева  Шоира  Гулшукуфовна

         Муаллими калони кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ.

                Мирзоева Ш.Г. солҳои 1995-2000 донишҷуи Донишгоҳи Омўзгории ба номи С.Айнӣ буда баъди хатми он солҳои 2000 то 2002 ба ҳайси ассистенти кафедраи психологияи умумидонишгохии ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омўзгорӣ шурўъ намудааст.
Мирзоева Ш.Г дар Донишгоҳи Омўзгории ба номи С.Айнӣ дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Аз ҷумла: Солҳои 2002-2003 оператори ЭВМ дар шўъбаи таълими ДДОТ, муовини сардори шўъбаи таълим (2003-2005), муаллими калон калони кафедраи психология 2005-2012, Аз соли 2015 инҷониб дар кафедраи илмҳои иҷтимоӣ – гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон кору фаъолият намуда истодааст.
Муаллифи зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Инчунин солҳои 2009-2010 иштирокчии лоиҳаи «Ёрии аввалин ба зарардидагони хушунат», бо ДМТ дар якҷогӣ бо Институти чомеаи кушод ва соли 2011 дар лоихаи «Таълими босифат» USAID иштирок намудааст.
Мирзоева Ш.Г инчунин таҳти роҳбарии доктори илмҳои сотсиология, профессор Шоисматуллоев Ш. дар мавзўи «Масъалахои ичтимоишавии чавонони донишчу дар давраи гузариши чомеаи точик» рисолаи номзадӣ навишта истодааст.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.