Ёвари ректор

ФАРЗОНАИ САЙДАҲМАД

Ёвари ректори Донишкадаи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 марти соли 1991 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар), дар оилаи зиёӣ таваллуд  шудааст, миллат тоҷик. Маълумоташ олӣ буда, соли 2013 Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло ва соли 2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси идораи давлатӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2013 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз намуда, аввалан дар вазифаи котиба-ҳуҷҷатнигори  муовини  ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва баъдан то соли 2015 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба кор бо занон ва духтарон адои вазифа намудааст.

Аз апрели соли 2015 то ҳоло ёвари Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.