Ҳайати кормандони кафедра

Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ: Мавлоназаров Силмон Силтонназарович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).

26 сентябри соли 1971 дар ноҳияи Шуғнони  ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1988 ба факултети математика- информатикаи Донишкадаи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав дохил шудааст.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ихтисоси математика – информатика ба итмом расонидааст. Соли 1998 бо роҳхати раёсати Донишкадаи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба аспирантура роҳхат гирифта соли 2003 шуъбаи ғойбонаи аспрантураи Донишгоҳи давлатии омузгории ба номи С.Айни ( он вақт ДДОТ ба номи Қ. Ҷураев) бомуваффақият ба итмом расониданд. Соли 2006 рисолаии номзадиро дар мавзуи Таърихи муносибатњои педагогии Точикистону – Руссия дар охири асри 19 ва аввали асри 20: (История Российско – таджикской педагогической связи в конце 19 начало 20вв.)) бомуваффақият ба итмом расониданд, ҳимоя намуданд.

Соли 2007 -2014 ба ҳайси мудирии кафедраи информатика ва фанҳои табии Донишкадаи давлатии забонњои Точикистон ба номи С Улуғзода фаъолият мекарданд. Соли 2014 то ин ҷониб мудирии кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров С.С. дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2014-2019 дар бакалавр аз фанни “Технологияи иттилоотӣ”, дар магистратураи Донишкада аз фанни “Технологияи иттилоотӣ”, дар курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва барои донишҷӯёни маълумоти дуюм аз рӯи модулҳои таълимии “Сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ”, “Истифодаи технологияњои иттилоотӣ-компютерӣ дар идоракунии маориф”, “Воситаҳои ҳозиразамони фиристодани иттилоот ва ҳуҷҷатҳо” ва ”Сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс мегуянд.

Аз соли 2006 узви фаъоли Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон буда, 15 маротиба тавассути телевизионҳои ҷумҳурияви суханронӣ карда, бештар аз 30 мақолаҳояш дар рӯзномаҳои ҷумҳурияви ба табъ расидаанд. Фаъолияти меҳнатии Мавлоназаров С.С –ро раёсати Донишкада бо “Ифтихорнома”-и Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши №139 аз 16 декабри соли 2015), қадридони намудаанд.

Ойладор соҳиби 3 фарзанд аст.

Рӯйхати корҳои илми-тадқиқотии Мавлоназаров С.С.

1. Информатика (дастури методӣ) Душанбе:Эксперт, 2008, 110 с. 2. Таърихи муносибатҳои педагогии Тоҷикистону – Руссия дар охири асри 19 ва аввали асри 20: (История Российско – таджикской педагогической связи в конце 19 начало 20вв.)) (монография) Душанбе:Ирфон, 2008, 126 с. 3. Инкишофи фаъолии идрокии донишҷӯён тавассути истифодаи технологияи нави иттилоотӣ ҳамчун воситаи тақвияти фаъолияти таълимӣ ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ (Мақола) Пайёми донишкадаи забонњо 1(4). Душанбе, 2011 4. Маҷмӯи мисолу масъалањои тестӣ аз математика (дастури методӣ) Душанбе:Камол, 2011, 60 с. 5. Раванди корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилоти олии омӯзгорӣ бо истифодаи технологияи компютерӣ Пайёми донишкадаи забонҳо 1(5). Душанбе, 2012 6. Информатика (матни лексияҳо) Душанбе:Лингвопарк,2012 7. Информатика (роҳнамои таълим) Душанбе:Лингвопарк,2013 8. Практикум по компьютерной технологии (дастури методӣ) Душанбе:Лингвопарк,2013,72 с 9. Технологияи информатсионӣ (матни лексияҳо) Душанбе:Лингвопарк,2013,57с 10. Маҷмӯаи мисолу масъалаҳои тестӣ аз математика барои синфҳои ибтидоӣ ( дастури методӣ). Бо қарори Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 31.01.2013 Душанбе:Лингвопарк,2013, 66с 11. Эффективность информационных технологий в государственном управлении Маҷ. Идоракунии давлатӣ.-Душанбе: Шарқи озод, 2015, 12. Рушди худшиносии ҷавонон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷ. Идоракунии давлатӣ.-Душанбе: Шарқи озод, 2016, 13. Ақидаҳои педагогии мутафакирони тоҷику форс оид ба тарбияи наврасону ҷавонон Маҷ. Идоракунии давлатӣ.-Душанбе: Шарқи озод, 2017, 14. Амнияти иттилоотӣ – муродифи амнияти давлат ва миллат. (мақола) Ҳафтаномаи Ҷумҳурият Санаи нашр: 01.01.2017 №:1 15. Истифодаи имкониятoҳои тахтаҳои электронии интерактивӣ дар раванди таълим Маҷ. Идоракунии давлатӣ.-Душанбе: Шарқи озод, 2018, 16. Барнома ва дастури методӣ оид ба гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолии пешаздипломӣ (барои ихтисоси 1-980101-амнияти компютерии бахши магистратура») 17. Технологияи итилоотӣ дар хизмати давлатӣ

ТАРҶУМАИ ҲОЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ ХИЗМАТӢ

Қуватзода Ҳасани Акрам

мутахассиси пешбари шуъбаи таълим оид ба омори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и шаҳри Кӯлоб гирифта, соли 2012 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2017 зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Қуватзода Ҳасани Акрам 01.09.1989 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Кӯлоби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Ҳамчунин соли 2015 аз такмили ихтисосро аз рӯйи равияи табиӣ-риёзии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаштааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 2010 ба ҳайси корманди маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб оѓоз намуда, то соли 2018 дар вазифаҳои мухталифи муассисаҳои давлатии Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  кор кардааст.

Аз 28.08.2018 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шуда, то ҳол дар вазифаи мазкур фаъолияти кориашро идома дода истодааст.

Муаллифи 7 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол дар самти тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлотлияти давлатӣ таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд

Азизӣ Соҳиба Қурбоналӣ

Соли  таваллуд: 29 марти соли 1988

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ.

Соли 2011 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси таъминоти барномавии техникаи њисоббарор ва системањои автоматӣ ва соли 2013 магистратураи Бунёди Ханнс Зайдели Федератсияи Олмонро дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи  ихтисоси идоракунии давлатӣ  хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2011 оғоз намуда, ҳамчун мутахассис, мутахасисси пешбари бахши таълими Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ оғоз намудааст.

Аз январи соли 2014 инҷониб сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва машварати академии шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Раҳимов Фарҳод Ҳасаналиевич

ассистенти кафедра технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гирифта, соли 2015 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ҳамчунин соли 2018  шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Раҳимов Фарҳод Ҳасаналиевич 16.06.1992 дар деҳаи Ориёнои Ҷамоъати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Муалллифи шаш мақолаи илмӣ буда,  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи Вижагиҳои луғавию маъноии матнҳои интернет – ВАО (дар асоси маводҳои форумҳои www.ozodi.tj ва www.ozodagon.com) ба анҷом расонидааст.

 

Умарзода Сафарали

сармутахассиси бахши маркази тестии шуъбаи таълим Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб гирифта, соли 2014 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2016 зинаи магистратураи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиониро дар шаҳри Кӯлоб бо дипломи аъло хатм намудааст.Умарзода Сафарали 19.08.1992 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Фаъолияти кориашро аз 2015 ба ҳайси  мутахассиси пешбари маркази тестии факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии технологияҳои дурнамои илмиасоси Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии дар шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то соли 2017 дар вазифаҳои мухталифи муассисаҳои давлатии макази компютерӣ ва забономӯзии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  кор кардааст.

Аз таърихи 28.08.2017 ӯ ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси сармутахассиси бахши маркази тестии шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти кориашро идома дода истодааст.

Муаллифи 4 мақолаи илмӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

     24 апрели 1989 дар ВМКБ дар н. Ишкошим дехай Ямги Бостон дар оилаи омӯзгор  таваллуд шудааст, миллат  тоҷик. Маълумот  олии  педагогӣ , соли  2012  Донишгоҳи давлатии омӯзгориии  Тоҷикистон ба номи  Садриддин   Айниро аз рӯи  ихтисоси     омӯзгори  фанни география  бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатияшро аз солҳои 2010  дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумиӣ №10 ва 13-и н.Исмоили Сомонӣ  оғоз намуда то соли 2012 дар вазифаи роҳбарии маҳфили “Таърихи кишваршиносӣ” дар Маркази кӯдакону наврасонӣ (МКН) н. Исмоили Сомонӣ  адои вазифа намудааст. Баъди хатми донишгҳо дар факултет ба ҳайси омӯзгор то соли 2016 фаъолият намудааст. Аз соли 2016 дар  кафедраи технологияи иттилооти ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Преизиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор кор кардаистоддаст. Мақолаҳои илмӣ:

  1. «Рушд ва ҷобаҷогузории соҳаҳои саноат дар ноҳияи иқтисодии Ҳисор» дар маҷаллаи Идоракунии давлатӣ №1(37) январ-марти 2018, саҳифаи 84-90 аз чоп баромад.
  2. «Захираҳои обии водии Ҳисор ва роҳҳои истифодаи оқилонаи онҳо»дар маҷаллаи Идоракунии давлатӣ №1(38) апрел-июни 2018,саҳифаи 107-113 аз чоп баромад.

Шаҳбози Одинашои Искандарӣ

Аз январи соли 2018 дар магистратураи  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунад

Соли таваллуд: 26 ноябри соли 1989

Ҷои таваллуд: ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2011 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимовро   хатм кардааст

Ихтисос: тренер, муаллими тарбияи ҷисмонӣ

Унвони илмӣ: надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не?    не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?    не

Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд

Суроға: шаҳри Душанбе, маҳаллаи 33, кўчаи Маяковский, №74

 Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2011-2015 Муаллими (ассистенти) кафедраи сайёҳӣ ва менеҷменти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов
Аз соли 2015 то ҳоло Муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз соли 2018 то ҳоло Таҳсил дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон