Ҳайати кормандони шӯъбаи таълим

Мухамедова Зайнаб Шамсиддиновна

Ҷойи таваллуд: ш. Душанбе

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ

Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи   миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2011 ба тариқи озмун ба вазифаи сармутахассиси кафедраи иттилооти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Баъд аз дар заминаи Донишкадаи мазкур таъсис ёфтани Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафедраи забонҳо ҳамчун ассистенти кафедраи забонҳо фаъолият намуда, аз соли 2014 сармутахассиси шуъбаи таълим оид ба таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон мебошад. Айни замон бахши таҷрибаомӯзии Донишкада бо зиёда аз 20 мақомоти давлатӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. Тибқи нақшаи таълимӣ ҳамасола магистрантон ва донишҷӯёни Донишкада бо се шакли таҷрибаомӯзӣ-таълимӣ, илмӣ-педагогӣ ва истеҳсолӣ фаро гирифта шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва малакаи касбии худ ба мақомоти марказиву маҳаллӣ фиристода мешаванд.

Тарҷумаи ҳол ва фаъолияти корӣ

МАҲМАДОВ ИБРОҲИМ МИРЗОШАРИФОВИЧ

Соли таваллуд:14  январи соли 1981

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2004 факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси таърих ва ҷомеашинос хатм намудааст.

    Ба ҳайси муаллим, муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда, 14 сол собиқаи корӣ дорад.

    Соли 2015 курси пурраи такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро гузаштааст.

    Аз соли 2018 инҷониб сармутахассиси шуъбаи таълим оид ба сифати таҳсилоти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Азизӣ Соҳиба Қурбоналӣ

Соли  таваллуд: 29 марти соли 1988

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ.

Соли 2011 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси таъминоти барномавии техникаи њисоббарор ва системањои автоматӣ ва соли 2013 магистратураи Бунёди Ханнс Зайдели Федератсияи Олмонро дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи  ихтисоси идоракунии давлатӣ  хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2011 оғоз намуда, ҳамчун мутахассис, мутахасисси пешбари бахши таълими Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ оғоз намудааст. Аз январи соли 2014 инҷониб сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва машварати академии шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бобоқулова Дилдора Иботовна

 Ҷойи таваллуд: ш.Душанбе 

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ 

  Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи   миллии Тоҷикистонро соли 2016 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2009 ба тариқи озмун ба ҳайси танзимгари шуъбаи рузонаи факултети ҳуқуқшиносӣ кабул шуд. Соли 2017 ба вазифаи мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии молия ва иктисоди Тољикистон  қабул шуда, аз моҳи марти соли 2019 инҷониб мудири бахши бақайдгирӣ ва машварати академии шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Умарзода Сафарали

сармутахассиси бахши маркази тестии шуъбаи таълим Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб гирифта, соли 2014 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2016 зинаи магистратураи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиониро дар шаҳри Кӯлоб бо дипломи аъло хатм намудааст.Умарзода Сафарали 19.08.1992 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро аз 2015 ба ҳайси  мутахассиси пешбари маркази тестии факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии технологияҳои дурнамои илмиасоси Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии дар шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то соли 2017 дар вазифаҳои мухталифи муассисаҳои давлатии макази компютерӣ ва забономӯзии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  кор кардааст. Аз таърихи 28.08.2017 ӯ ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси сармутахассиси бахши маркази тестии шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти кориашро идома дода истодааст. Муаллифи 4 мақолаи илмӣ мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Қуватзода Ҳасани Акрам

мутахассиси пешбари шуъбаи таълим оид ба омори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и шаҳри Кӯлоб гирифта, соли 2012 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва соли 2017 зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намудааст. Қуватзода Ҳасани Акрам 01.09.1989 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Кӯлоби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ҳамчунин соли 2015 аз такмили ихтисосро аз рӯйи равияи табиӣ-риёзии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаштааст. Фаъолияти кориашро аз соли 2010 ба ҳайси корманди маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб оѓоз намуда, то соли 2018 дар вазифаҳои мухталифи муассисаҳои давлатии Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  кор кардааст. Аз 28.08.2018 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шуда, то ҳол дар вазифаи мазкур фаъолияти кориашро идома дода истодааст. Муаллифи 7 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол дар самти тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлотлияти давлатӣ таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд.