Садорати факултети идоракунии давлатӣ

     ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ

    Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 20 декабри соли 1985 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оилаи коргар таввалуд шудааст, миллат тоҷик. Маълумот олии иқтисодӣ, соли 2008 факултети баҳисобгири ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло ва соли 2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси идоракунии давлатӣ (таҳсилоти дуюм) хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз муҳосиби хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳия Ҷ.Балхӣ оғоз намуда, сипас аз соли 2009 ба ҳайси муҳосиби музди меҳнат, муҳосиби моддӣ, ҷониши сармуҳосиб, сариқтисодчӣ ва раиси Иттифоқи касабаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа то моҳи майи 2015 фаъолият намуддаст.

Соли 2010 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Муассисаи давлатии умумироссиягии илмӣ-татқиқотии иқтисодиёт, меҳнат ва идоракунӣ дар хоҷагии халқи Академияи илмҳои Федератсия Россия дар шаҳри Москва дохил шуда,  22 апрели соли 2015 рисолаи номзадии худро дар доираи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.05- иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) ва 08.00.14 – иқтисодиёти ҷаҳон бо муввафақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, ду монография ва дастурҳои методӣ ва таълимӣ мебошад. Самти таҳқиқоти илмии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, иқтисодиёти ҷаҳон, рушди иқтисодиёти минтақавӣ ва татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мебошад.

Моҳи майи соли 2015 фаъолияти худро ба ҳайси мудири кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва омор”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур то майи 2016 идома медиҳад. Аз моҳи майи 2016 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан ба ҳайси мудири кафедраи “Идоракунии иқтисодиёт ва молия” ва аз 20 декабри соли 2016 то ҳоло декани факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор соҳиби се фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, бахши илмҳои иқтисодӣ сарфароз гардонида шудааст.

 

      БОБОЗОДА ОДИЛҶОНИ ОЛИМ

      Муовини декан оид ба таълим

   13 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Варзоб, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллат тоҷик. Маълумоташ олии иқтисодӣ буда, соли 2012 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси фаъолияти суғурта ва соли 2015 шуъбаи магистратураи Донишкадаи мазкурро аз рўи ихтисоси молия ва қарз бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2012 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2015 дар вазифаҳои эдвайзери (мушовири академӣ) факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ва мудири бахши хобгоҳҳои Донишкадаи мазкур адои вазифа намудааст.

Солҳои 2015-2017 фаъолияти худро дар  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва сипас дар вазифаи муовини декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ идома медиҳад.

Аз октябри соли 2017 то њоло муовини декан оид ба таълими факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.

 

НАЗАРЗОДА АЛИШЕР САФАР

 Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ

24 июни соли 1991 дар ноҳияи Ҷиликул (ҳозира Дўстӣ), дар оилаи коргар таваллуд шудааст, миллат тоҷик. Маълумот олии иқтисодӣ, соли 2013 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси андоз ва андозбандӣ ва соли 2015 шуъбаи магистратураи Донишкадаи мазкурро аз рўи ихтисоси молия бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2013 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси раиси Созмони ҷавонони Донишкада оғоз намуда, баъдан аз моҳи марти соли 2017 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи мазкур фаъолият намудааст.

Аз 1 майи  соли 2018 то ҳоло муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.

 

МАМАДҶОНОВА МАФТУНА ШАРИФОВНА

Методист-танзимгари факултет

 18 сентябри соли 1989 дар шаҳри Турсунзода дар оилаи коргар таввалуд шудааст, миллат тоҷик. Маълумот олии иқтисодӣ, соли 2015 факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро аз рӯи ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2011 аз коргузори факултети баҳисобгирӣ ва молияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур оғоз намуда, сипас аз моҳи ноябри соли 2016 ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуддаст.

Аз сентябри соли 2018 то ҳоло ба ҳайси методист-танзимгари факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Оиладор соҳиби як фарзанд.