Муовини ректор оид ба таълим

Файзализода Ҷумахон Хол

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор

14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Фаъолияти меҳнатиашро баъди адои хизмати ҳарбӣ дар бригадаи №3 совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови  ноҳияи Темурмалик оғоз намуда, сипас аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Комитети комсомолии ҳуқуқи райкомдоштаи совхози Кангурт шуда, адои вазифа намудааст.

Фаъолияти омӯзгориаш (аз соли 1990) аз мактаби миёнаи №62 шаҳри Душанбе ибтидо ёфта, солҳои 1992-2000 ассистенти кафедраи психология Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, солҳои 1995-1998 аспирант, солҳои 2000-2003 муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи мазкур шуда, фаъолият кардааст.

11 марти соли 2006 дар мавзӯи «Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст.

Солҳои 2007-2008 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2008-2009 сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дотсенти кафедраи педагогика ва психология, солҳои 2011-2013 муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, солҳои 2013-2014 ходими калони илмии ҳаминДонишкада шуда, кор кардааст.

Солҳои 2014-2015 ба сифати Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

18 январи соли 2015 дар мавзӯи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар донишкада) сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, фаъолият кардааст.

Аз апрели соли 2017 то инҷониб ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ бурда истодааст.

Муаллифи 65 корҳои илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 52 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.