Натиҷаҳои баргузории шанбегӣ Бахшида ба 27-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шанбегии умуминоҳиявӣ 85 нафар донишҷўён ва 20 нафар  кормандону омўзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин аз гардиши роҳи кўчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кўчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *