Курси такмили ихтисос дар шаҳри Кӯлоб

        Курси такмили ихтисос дар шаҳри Кӯлоб

Курси сайёри такмили ихтисос барои котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти вилояти Хатлон аз рўи барномаи  «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» аз 8 то 10 октябри соли 2018 дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Субҳи 8 октябр бо иштироки Мухторов З.М. — директори Пажуҳишгоҳи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ, Мавлоназаров С.С. — мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва илмхои табиатшиносӣ, Иброҳимова С.З. — сармутахассиси факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ ва Гулов Д.Г. — сармутахассиси бахши Агентии хизмати давлатӣ дар минтаrаи Кўлоб ифтитоҳ ёфт.

Дар курси мазкур тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ 39 нафар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Машғулиятҳо  мутобиқи ҷадвали пешбинишуда доир карда шуданд. Дар асоси ҷадвали машғулиятҳо «Мизи мудаввар» дар мавзўи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» доир гашт, ки дар он шунавандагон ширкат намуданд.

Дар мизи мудаввар Ализода Б.П. — сарходими илмии Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, Исмоилзода С.Б. — муовини раиси шаҳри Кўлоб, Каримова М.Х. — мудири бахши Агентии хизмати давлатӣ дар минтаrаи Кўлоб, Раҳмонов А.Р. — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб, Назаров Б. — мутахассиси  бахши Агентии хизмати давлатӣ дар минтаrаи Кўлоб ва намояндаи факултет иштирок карда, ба саволҳои шунавандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар интиҳо ба ҳамаи шунавандагон  дар вазъияти тантанавӣ «Гувоҳнома»-ҳо супорида  шуданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *