АЗ  МЕҲРГОН  ТО  МЕҲРГОН

АЗ  МЕҲРГОН  ТО  МЕҲРГОН

 

Санаи 13-уми октябри соли ҷорӣ  бо ибтикори Раёсати факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ, донишҷўёни курси якуми ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ бахшида ба ҷашни «Меҳргон»  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷўёни гуруҳ Бердизода Сиёвуши Қосим, Чақалова Сафаргул Шералиевна  вобаста ба таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ аз аҳди Сомон то ба даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти мушаххас доданд.

Инчунин донишҷўёни гуруҳ аз ашъори шоирони классик ва муосир, ки шукeҳу шаҳомати «Меҳргон»- ро васф намудаанд, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки андешаҳои бузургон дар васфи «Меҳргон» бисёр хуб ва бамаврид садо дод. Ҷашнро суруду рақсҳои дилошуб, ки аз ҷониби толибилмон иҷро гардад, ҳусни тоза бахшид.

Масъалаҳои одоби муошират, тарзи дурусти баёни ибораҳо дар забони тоҷикӣ, инчунин лаҳзаҳои гуногун аз ҷашнгирии иди «Меҳргон»  лаҳзаҳое буданд, ки  саҳначаи фарҳангии  донишҷўён дар бар мегирифт. 

Дар анҷом муовини ректор оид ба таълим Файзализода Ҷумахон Хол чорабиниро ҷамъбаст намуда, аз номи Раёсати Донишкада ба ташкилкунандагон ва ҳайати донишҷўён изҳори миннатдорӣ намуда, дар таҳсили ҳар кадоми онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *