Курси такмили ихтисос оид ба танзим

Курси такмили ихтисос оид ба танзим

15 октябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сармутахассисони (мутахассисони пешбари шуъбаҳо) бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рўи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки Абдулхолиќзода Л. А. — ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Б.О.- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Давлатзода С.П.- раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Ҳ.- сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва кормандони факултет ифтитоҳ ёфт.

Дар курси мазкур тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ 72 нафар аз шуъбаҳо ва бахшҳои оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони касбии ин соҳа даъват шудаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар фарҷоми курси мазкур баргузории мизи мудаввар дар мавзeи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» дар назар аст.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *