РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Рушди дипломатияи тоҷик дар даврони Истиқлолият

Чунин ном дошт мањфили илмии донишљўён – “Набзи сайёра”-и кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсї, ки 28 сентябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси донишљўёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Бобозода Ф.Т., мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ дотсент Комилбеков А.Ё., ҳамзамон омузгорон ва донишҷуён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултети муносибатҳои  байналмилалӣ дотсент Бобозода Фаридун оғоз карда, иштирокчиёни маҳфилро ба “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” табрику таҳният гуфта, аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик дар замони истиқлолият, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба комёбиҳои бузург ноил гардидааст, ёдовар шуд.

Сипас тибќи барномаи кории мањфил донишҷӯён Қадамов Собир дар мавзӯи «Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумњурии Тоxикистон дар замони муосир»,  Сайдуллоев Баҳовуддин дар мавзӯи «Рушди дипломатия тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ», Юсупов Хуршед дар мавзӯи «Tajikistan  and the world community», Сангинов Беҳрӯз дар мавзӯи «Дастовардҳои беназири дипломатияи ҷавони тоҷик» ва дигарон  бо забонњои тољикї ва англисї баромад намуданд.

Дар фарxом мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ дотсент Комилбеков А. ба устодону донишљўён барои иштироки фаъол дар кори мањфил изњори сипос ва њамзамон ќайд намуд, ки мањз чунин чорабинињои илмї имконият медињанд, то донишљўён табодули афкор намуда, донишу мањорати хешро ҳамаҷониба сайќал дињанд.

     

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *