РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Рушди дипломатияи тоҷик дар даврони Истиқлолият

Чунин ном дошт маҳфили илмии донишҷўён — “Набзи сайёра”-и кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ, ки 28 сентябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси донишҷўёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Бобозода Ф.Т., мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ дотсент Комилбеков А.Ё., ҳамзамон омузгорон ва донишҷуён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро декани факултети муносибатҳои  байналмилалӣ дотсент Бобозода Фаридун оғоз карда, иштирокчиёни маҳфилро ба “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” табрику таҳният гуфта, аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик дар замони истиқлолият, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба комёбиҳои бузург ноил гардидааст, ёдовар шуд.

Сипас тибқи барномаи кории маҳфил донишҷӯён Қадамов Собир дар мавзӯи «Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоxикистон дар замони муосир»,  Сайдуллоев Баҳовуддин дар мавзӯи «Рушди дипломатия тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ», Юсупов Хуршед дар мавзӯи «Tajikistan  and the world community», Сангинов Беҳрӯз дар мавзӯи «Дастовардҳои беназири дипломатияи ҷавони тоҷик» ва дигарон  бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ баромад намуданд.

Дар фарxом мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ дотсент Комилбеков А. ба устодону донишҷўён барои иштироки фаъол дар кори маҳфил изҳори сипос ва ҳамзамон қайд намуд, ки маҳз чунин чорабиниҳои илмӣ имконият медиҳанд, то донишҷўён табодули афкор намуда, донишу маҳорати хешро ҳамаҷониба сайқал диҳанд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *