Ёддошти тафоҳум

Имрўз байни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали “Ҷамъияти ташкил, банақшагирӣ ва тайёрӣ”- и Германия (Филилали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ёддошти тафоҳум баста шуд. Ба Ёддошти тафоҳум  Ректори Донишкадаи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва Директори Филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко имзо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи санади мазкур байни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) мбх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, ҳамкориҳоро ба роҳ монда шуда,  дар ин замина Нақшаи амал барои июл — декабри соли 2018 низ тасдиқ градид. Мувофиқи Нақшаи амал таҳияи модулҳои омузишӣ оид ба “Баробарҳуқуқии гендерӣ” ва “Пешгирии зўроварӣ дар оила” аз тарафи мутахасссион ва коршиносони тарафҳо, ва дар асоси онҳо ташкили семинарҳои омўзишӣ барои шунавандагони факултети азнавтайёркунӣ ва  такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, магистрантҳо ва донишҷўён пешбинӣ гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *