Маросими супоридани медалҳои ҷашнӣ ба Ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ

20 июни соли 2018 дар толори асосии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ва сардори Раёсати кадрҳои вазорати мазкур Раҳимзода Музаффар Анвар бо кормандону устодони Донишкада баргузор гардид.
Ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ чорабиниро кушода эълон намуда, дар хусуси дастовардҳои Донишкада вобаста ба дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли 2018 баён гардидаанд, суханронӣ намуд.
Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон дар баромади худ дар хусуси сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандўзӣ, ба корҳои муфид ҷалб намудан ва дар идоракунии давлатӣ бештар қабул намудани онҳо суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, саҳм ва иштироки фаъолонаи онҳо дар сиёсати давлатӣ барҷаста мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки ин масъала тамоми заминаҳоро барои рушди фикрӣ ва истифода аз андешаи онҳо ба вуҷуд овардааст. Ҳар як фарди бомаърифат ва бошуур бояд тамоми роҳу воситаҳоро истифода барад, донишҳои замонавиро азхуд намояд ва дар ҷомеа худро ҳамчун шахси комил обутоб диҳад. Ҷавононро лозим аст, ки бар зидди зуҳуротҳои номатлуби экстремизм ва терроризм дастаҷамъона мубориза баранд ва барои сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ҳиссагузор бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўхтарам Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ медалҳои ҷашнии «25 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «70 солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ»-ро дар вазъияти ботантана супорид.
Қайд гардид, ки саҳми ректори Донишкада дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон басо арзанда буда, сазовор гардидан ба медалҳои ҷашнӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *