Иштирок дар Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2018 дар «Қасри афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи «Роҳҳои расидан ва мувафаққияти касбӣ» баргузор гардид.
Вобаста ба ин, бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишкадаи идоракунии давлатӣ донишҷӯён Сангаков Ҳофиз, Назаров Аминҷон ва Маҳмадалиев Шуҳрат дар Форуми мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ дастовардҳои Донишкада барои муаррифӣ пешниҳод карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *