Вохӯрии кормандони мақомоти андоз бо донишҷӯён

2 июни соли 2018 вохўрии кормандон, магистрантон ва донишҷўён бо сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набзов Маҳмадраҷаб ва мутахассиси пешбари Кумита Исматов Далер баргузор гардид.

Вохўриро муовини ректор оид ба таълим Файзализода Ҷ.Х. кушода эълон намуда, қайд намуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баланд бардоштани тафаккури донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе вобаста ба моҳияти қонунгузории андоз силсилаи семинар-машваратҳоро доир намояд.

Баромадкунандагон дар баромади худ дар хусуси такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии он, намудҳои хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, намудҳои андоз ва вазифаҳои андозсупорандагон, тартиб  ва муҳлати пардохти андоз маълумоти муфассал доданд.

Дар рафти вохўрӣ иштирокчиёни чорабинӣ ба кормандони Кумита саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин пас аз интиҳои семинар-машварат кормандони Кумита 20 адад китоби Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Китобхонаи илмии Донишкада тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *