Иштироки фаъоли донишҷӯёни Донишкада дар фестивали шаҳрӣ

Ҳамасола донишҷўёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Вобаста ба ин 28 майи соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Боғи устод Рўдакӣ” фестивали шаҳрии “Бадеҳахонӣ” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияю коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт намояндагон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ба фестивали шаҳрии “Бадеҳахонӣ” ва озмуни мусавирони ҷавон бо номи “Манзараҳои шаҳри ман” донишҷўёни гурўҳҳои академии Донишкада низ тайёрии ҳаматарафа диданд. Ғолибони озмуни бадеҳахонии Донишкада донишҷўёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ Сайдалиева Сайёра ва Каримов Меҳрон дар дар фестивали мазкур ширкат варзида, истеъдоди баланди худро нишон доданд.

Дар ин рўз ҳамчунин озмуни мусавирони ҷавон таҳти унвони “Манзараҳои шаҳри ман” низ баргузор гардид, ки дар он донишҷўи курси 2 факултети муносибатҳои байналмилалӣ  Озодамоҳи Одилхон иштирок намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *