Дави миллӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешрафти соҳаи варзиш ва ҳамчунин оммавияти он дар байни аҳолӣ  ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор карда мешавад. Имсол низ 20 май дар саросари мамлакати мо чорабинии бузурги Дави миллӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур чун анъана аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, то Наврўзгоҳ идома ёфт.

Дар ин чорабинии оммавӣ таҳти роҳбарии садорати Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи донишҷўён, магистрантон, кормандон ва устодон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолона ширкат намуданд. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *