Иштироки ректори Донишкада дар Форуми IX Иқтисодии Остонагӣ

17-19 майи соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии  Қазоқистон Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода  Лутфия  Абдулхолиқ  дар Форуми IX Иқтисодии Остонагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Барои ширкат дар ин ҳамоиш ректорони Академияҳои идоракунии давлатии давлатҳои Осиёи Марказӣ ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Л.А., Академияи идоракунии давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Қазоқистон Жакимова Фатима Надировна, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қирғизистон Насиров Алмаз Турусбекович ва роҳбари Бунёд  Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Миёна Доктор Макс Георг Майер дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.

Дар ҳошияи Форуми  мазкур, дар доираи ҳамкориҳо  ва шартномаи дуҷониба бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, вохўрии ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода  Лутфия  Абдулхолиқ бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Қазоқистон Жакимова Фатима Надировна баргузор гардид.

Пас аз анҷоми вохўрӣ маросими аксбардории роҳбарони Академияҳои идоракунии давлатии назди президентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони Академияҳои идоракунии давлатии назди президентии давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни онҳо табодули озод ва судманди афкор оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳое, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, бо роҳи ташкили барномаҳои омўзишӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами соҳаи хизмати давлатӣ барои дастгирии кишварҳои минтақа равона мегарданд, мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои иштирокчӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ бо ҷамъиятҳои коршиносон, марказҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва муасисаҳои олии таълимии ҷаҳон, ташкили таҳсили дарозмуддати хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, расонидани кўмаки техникӣ ва хизматрасонии машваратӣ, ташкил ва гузаронидани семинар – тренингҳо, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ ва таҳлилҳо дар соҳаи рушд ва таҳкими хизмати давлатӣ ва ғайра ташкил карда шавад.

Иштирокчиён – роҳбарони Академияҳои идоракунии давлатии назди президентии давлатҳои Осиёи Марказӣ зикр намуданд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои вусъат додани ҳамкориҳои судманд бо академияҳои идоракунии давлатии минтақа ва омўзиши таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои олии пешрафтаи хориҷа дар самти азнавтайёркунии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, шароити мусоид фароҳам оварда ҳамзамон таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад.

Дар ҷараёни сафари Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия  Абдулхолиқ вохўрии якҷояи Ректор бо магистрантҳо-степиандҳои Бунёди  Ҳаннс Зайдел, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *