Таҷлили Рӯзи оила дар Донишкада

 

 

 

 

 

 

 

Дар таърихи 15 майи соли равон  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи оила  чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Муовини Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳмадзода Зулфия Кабир бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуд, ки имрўз дар кишвари мо Рўзи оила ҷашн гирифта мешавад. Оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад ва ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад. Аз солҳои аввали истиқлолият мушкилу масъалаи умдаи беҳдошти шароити зиндагӣ ва фаъолияти пурманфиати занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дорад. Дар ҷомеаи муосир масълаҳои оила ва нақши он дар рушди ҷомеа, тахкими оилаву оиладорӣ, тарбияи насли ояндасоз ва ташкили тарзи ҳаёти солим дар муносибатҳои ҷамъиятӣ бештар аз ҳар вақт аҳамият касб намудааст, зеро ҷомеаи солим ба насли солим вобастагӣ дорад ва тарбияи фарзандони бомаърифату хушахлоқ асоси пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, ҷомеа  бе оила вуҷуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори ҷомеа аст.

Дар чорабинӣ муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ Аминов Муҳаммадҷон Маҳмадризоевич, дар мавзўи “Заминаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ”, ҳуқуқшиноси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Фаридуни Исматулло, дар мавзўи “Пешгирии зўроварӣ дар оила” ва донишҷўи курси 3 факултети идоракунии давлатӣ Рафоати Файзалӣ дар мавзўи “Нақши оила дар пешрафти ҷомеа” бо маърўза баромад намуданд.

Бахши фарҳангии чорабинӣ аз қироати шеър ва саҳначаи тарбиявӣ  бахшида ба оила иборат буда, донишҷўён дар он фаъолона иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *