Озмун – яке аз усулҳои интихоби истеъдодҳо

 

 

 

 

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1265 аз 30 марти соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни қироати шеър таҳти унвони “Сухани созанда” байни донишҷўён баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба иҷроиши фармоиши мазкур дар Донишкада Низомномаи баргузории озмун омода шуда, ҳамзамон барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун ва муайян намудани ѓолибон комиссияи озмунӣ таъсис дода шуд.

Дар озмуни мазкур донишҷўёни гурўҳҳои академии факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат намуданд.

Дар натиҷаи аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ шудан донишҷўи курси 3 факултети идоракунии давлатӣ Муминов М.А. сазовори ҷойи аввал, донишҷўи курси 2 факултети муносибатҳои байналмилалӣ Ўлмасова Ш.Д. сазовори ҷойи дуюм ва донишҷўи курси 1 факултети идоракунии давлатӣ Асрорзода С.З. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Бо пешниҳоди комиссияи озмунӣ донишҷўёни зикргардида ба даври сеюми озмуни мазкур миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки моҳи декабри соли равон баргузор мегардад, пешниҳод карда шуданд.

Дар озмуни расм ва мусаввараҳои беҳтарин оид ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар донишҷўёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ Озодамоҳи Одилхон сазовори ҷойи якум,  Қаландарова Зумрат ҷойи дуюм ва Содатшоев Наврузшо ҷойи сеюмро ноил гаштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *