Омили об дар муносибатҳои байналмилалии муосир

http://did.tj/wp-content/uploads/2018/05/ddd.jpg

Чунин ном дошт мизи мудаввари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ — “Набзи сайёра”, ки дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” рӯзи 24 апрели соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили донишҷӯён садорати факултети муносибатҳои байналмилалӣ, устодони кафедра ва кормандони  шӯъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ даъват шуда буданд.

Зимни суханронӣ декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Бобозода Ф. муҳимияти мавзӯи маҳфилро арзёбӣ намуда,  ба ҳукми анъана даромадани чунин чорабиниҳои илмиро дар байни устодону донишҷӯёни Донишкада боиси ифтихор донист.

Дар кори маҳфил донишҷӯёни  факултети муносибатҳои байналмилалӣ Ахмедова М., дар мавзӯи «Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ», Қадамов С. дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари ташаббускори масоили об дар арсаи байналмилалӣ», Сангинов Б. дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об, кафили субот ва рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ», Шарипов Ҳ. дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳолат ва дурнамо», Олимов А. дар мавзӯи «Вопрос воды в современных международных отношениях» ва донишҷӯи курси якуми факултети идоракунии давлатӣ Машрапов Қ. дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» маърӯзаҳо карданд.

Баъди ҳар маърӯза байни донишҷӯён андешаву мулоҳизарониҳои  ҷолиб сурат гирифт. Дар фарҷоми кори маҳфил мудири кафедра, дотсент Комилбеков А.Ё. ва сармутахассиси шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкада Икромова С.З. барои боз ҳам сайқал додани маҳорати суханронии донишҷӯён пешниҳод ва тавсияҳои худро иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *