Конференсияи илмӣ- амалӣ

Имрўз дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзўи «Идоракунии давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, хатмкардагони магистратураи Донишкада ва намояндагони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Иштирокдори конференсия дар мавзўҳои “Татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ”, “Самарнокии иқтисодии рушди туризм”, “Ҷанбаҳои таърихии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ”, “Нақши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ”, “Нақши  воситаҳои ахбори омма дар рушди сайёҳӣ” ва дигар масъалаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.

Таъкид гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22.12.2017 иброз доштанд, ки барои рушди сайёҳӣ тақвияти корҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

  • ташкили бозори сайёҳии рақобатпазир ва рушди ҳунарҳои мардумӣ;
  • такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва беҳтар гардонидани хизматрасонӣ дар ин самт;
  • рушди корҳои таблиѓотӣ ва сиёсати рекламавӣ бо мақсади баландбардории имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ;
  • истифодаи имкониятҳои табӣ-ракреатсионӣ дар рушди сайёҳӣ.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *