Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишкада

20 апрели соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халҷии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони “Маҷом ва наҷши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилотҳои вобаста ба об дар ҷаҳон” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҶХДТ  дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Насимҷон, профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Муҳаббатов Холназар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  Қувватов Сайдулло, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саидова Гулноза иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада дар огози Конференсия суханронӣ намуда, ҳозиринро бо барномаи он ва меҳмонон шинос намуд. Зикр гардид, ки 22 марти соли 2018 иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рўи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба муносибати огози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷуми баргузории Рўзи байналмилалии захираҳои об доир гардид.

Сипас дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҶХДТ  дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баромад карда, қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабиниҳои сатҳи баланд омилҳоеро, ки доира ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, ба таври возеҳ баён намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ профессори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Муҳаббатов Х. дар мавзўи “Нақши об дар табиат ва ҳаёти инсон”,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Қувватов С. дар мавзўи “Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об” ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саидова Г. дар мавзўи “Тоҷикистон давлати пешбар дар соҳаи сиёсати обӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон” бо маърўза баромад намуданд.   Чорабинии мазкур аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ ба навор гирифта шуд.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар асоси нақшаҳои минбаъда низ баргузории чунин чорабинињои илмӣ-маърифатӣ ва таргиботиро роҳандозӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *