Иштироки донишҷӯён бахшида ба Рӯзи пойтахт

Бахшида ба «Рӯзи пойтахт» 21 апрели соли равон дар Наврўзгоҳи шаҳри Душанбе ниммарафон баргузор гардид.

Дар ниммарафони мазкур 4500 нафар донишҷўён аз муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт ширкат намуданд.

Аз ҳисоби донишҷўёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии шуъбаи тарбия, садорати факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ 100 нафар донишҷўён дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки намояндагони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниммарафон муташакилона дар қатори беҳтаринҳо ба марра ҳозир шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *