Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар Донишкада

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 таҳти №05/2-1859 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибҷи Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ аз варзиш аст» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўён ва кормандону омўзгорон машқҳои пагоҳирўзӣ идома доранд.

21 апрели соли 2018 дар саҳни ҳавлии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи тарбия машқи пагоҳирўзӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд, ки дар он 25 нафар устодон ва  100 нафар донишҷўён фаъолона ширкат намуданд.

Дар асоси нақшаи мазкур чорабиниҳо дар ин самт минбаъда низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *